1. |
Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҳамаи ҷаҳонро) биёфарид, |
2. |
Одамиро аз лахтаи хуне биёфарид. |
3. |
Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст. |
4. |
Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод, |
5. |
Ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт. |
6. |
На чунин аст (ки мепиндоред), ҳаққо, ки одамӣ нофармонӣ мекунад, |
7. |
ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад. |
8. |
ҳаройна, |
9. |
Оё дидаӣ он касро, ки манъ мекунад, |
10. |
бандаеро ки намоз мехонад? |
11. |
Чӣ мебинӣ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад? |
12. |
Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад? |
13. |
Чӣ мебинӣ, агар дурӯғ шуморад ва рӯй гардонад? |
14. |
Оё надонистааст, ки Худо мебинад? |
15. |
На чунин аст (ки мепиндоред), ҳаққо, ки агар боз наистад, аз мӯйи |
16. |
мӯйи пешонии дурӯғгӯи хатокорро. |
17. |
Пас, ҳамдамони худро даъват кунад. |
18. |
Мо низ коргузорони дӯзахро даъват мекунем! |
19. |
На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! |