1. |
Оё синаатро накушудем? |
2. |
Ва бори гаронатро аз пуштат бар надоштем? |
3. |
Боре, ки бар пушти ту вазнинӣ мекард? |
4. |
Оё туро баландовоза насохтем? |
5. |
Пас, ҳаройна, аз паи душворӣ осонист! |
6. |
Албатта, аз паи душворӣ осонист. |
7. |
Чун аз кор фориғ шавӣ, ба ибодат кӯш |
8. |
ва ба Парвардигорат рағбат намо (рӯй биёр). |