1. |
Савганд ба шаб, он гоҳ ки ҷаҳонро дар худ фурӯ пӯшад |
2. |
ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад |
3. |
ва савганд ба он зоте, ки нару модаро биёфарид. |
4. |
ки ҳаройна, ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст. |
5. |
Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард |
6. |
ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро), |
7. |
пас, барои биҳишт омодааш мекунем. |
8. |
Аммо он кас кӣ бухлу бениёзӣ кард |
9. |
ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ шумурд), |
10. |
ӯро барои дӯзах омода месозем. |
11. |
Ва ҳаройна, чун ҳалокаташ даррасад, дороияш ба ҳолаш суд |
12. |
Ва ҳаройна, он чӣ, бар Мост, роҳнамоист. |
13. |
Ва он чӣ аз Мост он ҷаҳону ин ҷаҳон аст. |
14. |
Пас, шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам, |
15. |
ҷуз бадбахттарин (инсонҳо) ба он дар наяфтанд, |
16. |
он ки дурӯғ шуморид ва рӯй гардонид. |
17. |
Ва парҳезгортарин мардумро аз он (дӯзах) дур доранд, |
18. |
он ки моли хеш мебахшояд ва покӣ меҷӯяд. |
19. |
Ва ҳеҷ касро бар ӯ ҳаққе набошад, ки инак, подош хоҳад, |
20. |
магар ҷустани хушнудии Парвардигори волои хеш. |
21. |
Ва ҳаройна, ба зудӣ хушнуд шавад. |