1. |
Қасам ба ин шаҳр (Макка)! |
2. |
Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд. |
3. |
Ва қасам ба падару фарзандони ӯ, (Одам ва насли ӯ ) |
4. |
ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем. |
5. |
Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад? |
6. |
Мегӯянд: «Моле фаровонро харҷ кардам!» |
7. |
Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст? |
8. |
Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем? |
9. |
Ва як забону ду лаб? |
10. |
Ва ду роҳ (хайру шар) ба ӯ далолат накардем? |
11. |
Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод. |
12. |
Ва ту чӣ медонӣ, ки гузаргоҳи сахт чист? |
13. |
Озод кардани банда аст, |
14. |
ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ, |
15. |
хоса ба ятиме, ки хешованд бошад, |
16. |
ё ба мискине хокнишин ( мӯҳтоҷ). |
17. |
Баъд аз он касоне бошанд, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр |
18. |
Ин ҷамоъат, эшонанд некбахтон. |
19. |
Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аз аҳли шақоватанд |
20. |
Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшида аст. |