1. |
Номи Парвардигори бузурги хешро ба покӣ ёд кун, |
2. |
он ки офарид ва дурустандом кард. |
3. |
Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд. |
4. |
Ва он чи чарогоҳҳоро рӯёнид, |
5. |
сипас хушку сиёҳ гардонид. |
6. |
Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ, |
7. |
магар он чи Худо бихоҳад. |
8. |
Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем. |
9. |
Агар панд доданат суд кунад, панд деҳ. |
10. |
Он кӣ метарсад, панд мепазирад. |
11. |
Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад, |
12. |
он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад |
13. |
ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад. |
14. |
Албатта, покон растагор шуданд, |
15. |
онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз |
16. |
Балки, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед, |
17. |
ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст. |
18. |
ҳаройна, ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст, |
19. |
саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо! |