1.
|
Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
|
2.
|
ва қасам ба рӯзи
мавъуд
|
3.
|
ва қасам ба
шаҳодатдиҳанда ва он чӣ ба он шаҳодат диҳанд,
|
4.
|
ки асҳоби ухдуд
ба ҳалокат расиданд.
|
5.
|
Оташе афрӯхта аз
ҳезумҳо,
|
6.
|
он гоҳ ки бар
канори он оташ нишаста буданд
|
7.
|
ва бар он чӣ бар
сари мӯъминон меоварданд, шоҳид буданд.
|
8.
|
Ва ҳеҷ айбе дар
онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои пирӯзманди лоиқи ситоиш, имон оварда буданд,
|
9.
|
он Худое, ки
фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.
|
10.
|
Албатта, онон,
ки мардону занони мӯъминро шиканҷа кардаанд ва тавба накардаанд, азоби ҷаҳаннам
ва азоби оташ барои онҳост.
|
11.
|
Албатта, барои
касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он
наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
|
12.
|
Албатта, ба азоб
гирифтани Парвардигори ту сахт аст.
|
13.
|
Албатта, ӯст, ки
нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.
|
14.
|
ӯ омурзандаву
дӯстдоранда аст.
|
15.
|
ӯст соҳиби
арши бузург.
|
16.
|
Ҳар чиро ирода
кунад, ба анҷом мерасонад.
|
17.
|
Оё достони
лашкарҳоро шунидаӣ?
|
18.
|
Лашкарҳои
Фиръавну қавми Самуд,
|
19.
|
Балки, онон, ки
роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд
|
20.
|
ва Худо аз ҳама
сӯ бар онҳо иҳота дорад.
|
21.
|
Балки, ин
Қуръони маҷид аст
|
22.
|
дар лавҳи
маҳфуз!
|