1.
|
Вой
бар камфурӯшон,
|
2.
|
онон,
ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро ба пуррагӣ мегиранд
|
3.
|
ва чун
барои мардум (паймона) мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд
|
4.
|
Оё
инҳо намедонанд, ки ҳаройна, онҳо зинда мешаванд
|
5.
|
дар он
рӯзи бузург?
|
6.
|
Рӯзе,
ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.
|
7.
|
На
чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин
аст.
|
8.
|
Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист?
|
9.
|
Китобест навишта!
|
10.
|
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғшуморандагон),
|
11.
|
онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
|
12.
|
Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гунаҳкор дурӯғ меҳисобад.
|
13.
|
Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»
|
14.
|
На чунин аст (ки мепиндоранд), балки ба сабаби корҳое, ки карда
буданд, дилҳояшон занг бастааст.
|
15.
|
На чунин аст (ки мепиндоранд), ҳаройна, онҳо дар он рӯз аз
(дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.
|
16.
|
Пас, онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.
|
17.
|
Ва онҳоро гӯянд: « Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
|
18.
|
На чунин аст(ки мепиндоранд), ҳаройна, аъмоли некон дар иллийин
мактуб аст.
|
19.
|
Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист?
|
20.
|
Китобест навишташуда!
|
21.
|
Ки муқаррабони Худо онро мушоҳида мекунанд.
|
22.
|
Албатта, некон дар неъматанд,
|
23.
|
бар тахтҳо нишаста ва наззора мекунанд.
|
24.
|
Бар чеҳраашон таровати неъматро мешиносӣ.
|
25.
|
Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.
|
26.
|
Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастикунандагон дар он бар якдигар
пешдастӣ мекунанд.
|
27.
|
Омезаи он тасним аст,
|
28.
|
чашмаест, ки муқаррабони (наздикони) даргоҳи Худо аз он
меошоманд.
|
29.
|
Ҳаройна, гунаҳкорон бар мӯъминон (дар дунё) механдиданд.
|
30.
|
Ва чун бар онҳо мегузаштанд, бо чашму абрӯ ишора (масхара)
мекарданд
|
31.
|
ва чун назди касонашон (аҳлашон) бозмегаштанд, шодмона
бозмегаштанд.
|
32.
|
Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо, ҳаройна, гумроҳонанд.
|
33.
|
Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати аъмоли мӯъминон
нафиристода буданд.
|
34.
|
Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,
|
35.
|
бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.
|
36.
|
Оё кофирон баробари аъмолашон ҷазо ёфтаанд?
|