1.
|
Он гоҳ
ки осмон шикофта шавад
|
2.
|
ва он
гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд
|
3.
|
ва он
гоҳ ки баҳрҳо ба ҳам бипайванданд
|
4.
|
ва он
гоҳ ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гарданд,
|
5.
|
ҳар
кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.
|
6.
|
Эй
одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст?
|
7.
|
Он кӣ
туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадилқомат кард.
|
8.
|
Ба ҳар
сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).
|
9.
|
На
чунин аст, (ки мепиндоред) ва шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.
|
10.
|
Ҳол он
ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
|
11.
|
котибоне бузургвор
|
12.
|
медонанд, ки шумо чӣ мекунед.
|
13.
|
Албатта, некӯкорон дар неъматанд
|
14.
|
ва
гунаҳкорон дар ҷаҳаннам!
|
15.
|
Дар
рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
|
16.
|
ва аз
он ғойиб нашаванд.
|
17.
|
Ту чӣ
донӣ, ки рӯзи шумор чист?
|
18.
|
Боз
ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
|
19.
|
Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натавонад кард ва дар он рӯз фармон
фармони Худо бошад.
|