81. Сураи ТАКВИР

1.

Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад

2.

ва чун ситорагон фурӯ резанд

3.

ва кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд

4.

ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ раҳо шаванд

5.

ва чун ҷонварони ваҳшӣ гирд оварда шаванд

6.

ва чун баҳрҳо оташ гиранд

7.

ва чун рӯҳҳо бо танҳо (баданҳо) якҷоя гарданд

8.

ва чун аз духтари зинда ба гӯршуда пурсида шавад, ки

9.

ба чӣ гуноҳе кушта шудааст

10.

ва чун саҳифаҳо боз карда шаванд

11.

ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад

12.

ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад

13.

ва чун биҳиштро пеш оваранд,

14.

ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст.

15.

Савганд ба ситорагони бозгарданда,

16.

сайркунандаи ғоибшаванда

17.

ва савганд ба шаб, чун торик шавад

18.

ва савганд ба субҳ, чун бидамад

19.

ки ин сухани расуле бузургвор ( Ҷабраил (а)) аст,

20.

нерӯманд, дар назди Худованди
арши соҳибмаконат,

21.

он ҷо (ки малакути аъло ва олами фариштагон аст) фармонравои амин
аст.

22.

Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест.

23.

Албатта, ӯро ( Ҷабраилро) дар уфуқи равшан дидааст.

24.

Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.

25.

Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест.

26.

Пас, ба куҷо меравед?

27.

Ин китоб пандест барои ҷаҳониён,

28.

барои ҳар кас аз шумоён, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад.

29.

Ва ҳол он ки наметавонед, бихоҳед, ҷуз чизҳеро, ки Парвардигори
ҷаҳониён хоста бошад.