1. |
Рӯйро турш карда ва сар баргардонид, |
2. |
чун он нобино ба наздаш омад, |
3. |
Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад, |
4. |
ё панд гирад ва панди ту судмандаш афтад. |
5. |
Аммо он ки ӯ тавонгар аст, |
6. |
ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ |
7. |
ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест. |
8. |
Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд |
9. |
ва метарсад, |
10. |
ту аз ӯ ба дигаре рӯй меорӣ. |
11. |
Начунин аст, ин Қуръон пандест, |
12. |
пас, ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад. |
13. |
Дар саҳифаҳое гиромӣ. |
14. |
Баландқадру покиза, |
15. |
ба дасти котибоне, |
16. |
бузургвору некӯкор. |
17. |
Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст! |
18. |
ӯро аз чӣ чиз офаридааст? |
19. |
Аз нутфае офарид ва ба андоза падид овард, |
20. |
сипас роҳашро осон сохт. |
21. |
Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард. |
22. |
Ва он гоҳ ки хоҳад зиндааш созад. |
23. |
Начунин аст, ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, баҷой наёвардааст. |
24. |
Пас, одамӣ ба таъоми худ бингарад. |
25. |
Мо боронро фурӯ боронидем, боронидане |
26. |
ва заминро шикофтем, шикофтане |
27. |
ва дар он донаҳо рӯёнидем |
28. |
ва току сабзавот |
29. |
ва зайтуну нахл |
30. |
ва боғҳои пурдарахт |
31. |
ва меваю алаф, |
32. |
то шумо ва чорпоёнатон баҳра баред, |
33. |
чун бонги қиёмат барояд, |
34. |
рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад |
35. |
ва аз модарашу падараш |
36. |
ва аз зану фарзандаш. |
37. |
Ҳар касро дар он рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад. |
38. |
Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд, |
39. |
хандонанду шодонанд. |
40. |
Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд, |
41. |
дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд. |
42. |
Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон) |