78. Сураи НАБАЪ

1.

Аз чӣ чиз мепурсанд?

2.

Аз он хабари бузург,

3.

ки дар он ихтилоф мекунанд.

4.

На чунин аст (ки мепиндоранд), ба зудӣ хоҳанд донист.

5.

Боз ҳам, на чунин аст (ки мепиндоранд), ба зудӣ хоҳанд донист!

6.

Оё Мо заминро бистаре насохтем?

7.

Ва кӯҳҳоро мехҳое?

8.

Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем.

9.

Ва хобатонро осоишатон гардонидем.

10.

Ва шабро пӯшишатон қарор додем.

11.

Ва рӯзро вақти талаби маъишат.

12.

Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем.

13.

Ва чароғе равшан  офаридем.

14.

Аз абрҳои  боронзой обе фаровон нозил кардем,

15.

то ба он донаву рӯстанӣ бирӯёнем

16.

ва боғҳои анбӯҳ (сердарахт).

17.

Албатта, рӯзи доварӣ, рӯзест муъайян.

18.

Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва шумо гурӯҳ- гурӯҳ биёед.

19.

Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад.

20.

Ва кӯҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд.

21.

ҳаройна,
ҷаҳаннам дар интизор бошад.

22.

Саркашонро бозгаштангоҳест.

23.

Замоне дароз дар он ҷо бошанд.

24.

На хунукӣ чашанду на об,

25.

ҷуз оби ҷӯшону хуну чирк.

26.

Ин ҷазоест мувофиқи кирдор.

27.

ҳаройна,
онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд.

28.

Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд.

29.

Ва Мо ҳама чизро дар китобе шумора кардаем.

30.

Пас, бичашед, ки ҷуз бар азоби шумо нахоҳем афзуд!

31.

ҳаройна,
парҳезгоронро (ки дар дунё Худоро итоъат кардаанд) ҷойест эмин аз ҳар осеб (ва
мушшараф шудан ба боғҳои пурнеъмат ва раҳоӣ аз оташи дӯзах),

32.

боғҳову токзорҳои (сарсабзу хурам, ки дар он анвоъи дарахтон ва
гулҳо мавҷуд аст)

33.

ва духтароне ҳамсинни норпистон

34.

ва ҷомҳои пур (аз шароби тасфияшуда, ки мисли шароби дунё мастию
беҳушӣ намеорад).

35.

На сухани беҳуда шунаванд (дар биҳишт) ва на дурӯғ (зеро биҳишт
дору-с-салом аст ва ҳар чӣ дар он қарор дорад аз ботил ва нуқсон солим аст)

36.

ва ин подошест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат (ки раҳматаш ҳама
чиро дар бар гирифтааст)

37.

Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои
раҳмон (дар он рӯзи пурҳайбат), ки
касро ба ӯ ёрои хитоб набошад (дар мавриди дафъи бало ё рафъи азоб),

38.

рӯзе, ки рӯҳ ва
фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар он ки Худои
раҳмон ба ӯ рухсат диҳад ва ӯ сухан ба савоб гӯяд.

39.

Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад (бо имон овардан ва анҷом
додани амали солеҳ), ба сӯи Парвардигораш бозгардад.

40.

ҳаройна,
Мо шуморо аз азобе наздик  (яъне, азоби охират) метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар
чиро (аз амалҳои неку бади худ, ки) пешопеш фиристодааст, мебинад ва кофир
мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»