1.
|
Қасам
мехӯрам ба рӯзи қиёмат
|
2.
|
ва
қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!
|
3.
|
Оё
одамӣ мепиндорад, ки Мо ҳаргиз, устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?
|
4.
|
Оре,
мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.
|
5.
|
Балки,
одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.
|
6.
|
Мепурсад (инсони кофир): «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
|
7.
|
Рӯзе,
ки чашмҳо хира шавад
|
8.
|
ва моҳ
тира шавад
|
9.
|
ва
офтобу моҳ дар як ҷой гирд оянд.
|
10.
|
Инсон
дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
|
11.
|
Ҳаргиз
паноҳгоҳе нест!
|
12.
|
Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!
|
13.
|
Дар ин
рӯз одамиро аз он чӣ пешопеш фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар
дода мешаванд.
|
14.
|
Балки
одамӣ хештани хешро нек мешиносад,
|
15.
|
ҳар
чанд ба забон узрҳо оварад.
|
16.
|
Ба
шитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон,
|
17.
|
ки
ҳаройна, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,
|
18.
|
чун
хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,
|
19.
|
сипас
баёни он бар ӯҳдаи Мост.
|
20.
|
Оре,
шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
|
21.
|
ва
охиратро тарк мекунед.
|
22.
|
Дар он
рӯз чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,
|
23.
|
ки сӯи
Парвардигорашон назар мекунанд
|
24.
|
ва
чеҳраҳое ҳаст абусу туруш(пешонӣ дар ҳам кашида, чин ба абрӯ даровардан),
|
25.
|
ки
медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
|
26.
|
Оре,
чун ҷон ба ҳалқум расад
|
27.
|
ва
гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?
|
28.
|
Ва
яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
|
29.
|
ва
соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
|
30.
|
он
рӯз, рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.
|
31.
|
На
тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.
|
32.
|
Аммо
дурӯғ бароварда ва рӯй гардонидааст.
|
33.
|
Он гоҳ
хиромон назди касонаш (аҳлаш) рафтааст.
|
34.
|
Вой
бар ту, пас вой бар ту!
|
35.
|
Боз
ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!
|
36.
|
Оё
инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд?
|
37.
|
Оё ӯ
нутфае аз манӣ, ки дар раҳме (бачадоне) рехта шуда, набудааст?
|
38.
|
Сипас
лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.
|
39.
|
Ва
онҳоро ду даста кард: нару мода.
|
40.
|
Оё
Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?
|