1.
|
Бигӯ:
«Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш фаро доданду гуфтанд, ки мо,
ҳаройна, Қуръоне аҷиб шунидем.
|
2.
|
Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва
ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем.
|
3.
|
Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва
на фарзанде дорад.
|
4.
|
Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт.
|
5.
|
Ва мо, ҳаройна, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Худо, ҳаргиз,
дурӯғ намегӯянд.
|
6.
|
Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ
мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд.
|
7.
|
Ҳамчунон, ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо,
ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора зинда намесозад.
|
8.
|
Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду
шиҳобҳо (ситорагон) ёфтем.
|
9.
|
Ва мо, ҳаройна, дар ин ҷойҳо, ки метавон гӯш фаро дод,
менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан (гӯш додани малоикаҳо) нишинад,
шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.
|
10.
|
Ва мо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд,
бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?
|
11.
|
Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем.
|
12.
|
Мо медонем, ки Худоро дар замин ҳаргиз оҷиз натавонем кард ва,
ҳаргиз, бо гурехтан низ нотавонаш насозем.
|
13.
|
Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба
Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз ситам.
|
14.
|
Ва ҳаройна, баъзе аз мо (ҷинниён) мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ
дур. Ва онон, ки ислом овардаанд,
дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд.
|
15.
|
Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд».
|
16.
|
Ва агар (одамиёну париён) бар тариқаи рост (яктопарастӣ ва
тоъати Худо) пойдорӣ кунанд, ҳаройна, аз обе фаровон серобашон кунем,
|
17.
|
то онҳоро биёзмоем дар он (неъмати фаровон). Ва ҳар кӣ аз зикри
Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.
|
18.
|
Ва ҳаройна, масҷидҳо аз они Худост. Ва бо вуҷуди Худои барҳақ
касеро ба худоӣ нахонед.
|
19.
|
Чун бандаи Худо (Муҳаммад) барои парастиши ӯ бар пой истод, гирди
ӯро гирифтанд (ҷинҳо).
|
20.
|
Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва ҳеҷ касро шарики ӯ
намесозам».
|
21.
|
Бигӯ: «Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё шуморо
ба салоҳ оварам».
|
22.
|
Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро, ҳаргиз, аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман
ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,
|
23.
|
он чӣ метавонам ҷуз расондани пайёми ӯ ва анҷом додани рисолатҳои
ӯ нест. Ва ҳар ки Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳаройна,
оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,
|
24.
|
То он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас,
хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».
|
25.
|
(Эй паёмбар, ба кофирон) Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае,
ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?
|
26.
|
ӯ донои ғайб аст ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад,
|
27.
|
магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои
нигаҳбонӣ аз ӯ, пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад,
|
28.
|
то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо
ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст.
|