64. Сураи ТАҒОБУН

1.

Худоро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст.
Фармонравоӣ аз они ӯст ва ҳамд сазовори ӯст ва ӯ ба ҳар чизе тавоност!

2.

ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд.
Ва корҳое, ки мекунед, мебинад!

3.

Осмонҳову заминро барҳақ биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ
тасвир кард. Ва саранҷоми ҳама ба сӯи ӯст!

4.

Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад ва ба он чӣ пинҳон
медоред ё ошкор месозед, огоҳ аст. Ва Худо ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, олим
аст!

5.

Оё шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд,
нарасидааст? Уқубати (ногувори) амалашонро чашиданд ва онҳоро  азобе дардовар
аст.

6.

Ин ба ҷазои он буд, ки ҳаройна, паёмбаронашон бо далелҳои равшан
бар онон фиристода шуданд: Ва онҳо гуфтанд: «Оё одамиён моро ҳидоят мекунанд?»
Пас, инкор карданд ва рӯй гардониданд ва Худо бениёз асту тавонгар ва сазовори
ситоиш аст.

7.

Кофирон пиндоштанд, ки онҳо ҳаргиз зинда карда намешаванд. Бигӯ:
«оре, ба Парвардигорам савганд, ки
шуморо, ҳатман,  зинда хоҳад кард, то ба корҳое, ки кардаед, ҳатман, огоҳ созад.
Ва ин бар Худо осон аст».

8.

Пас, ба Худову паёмбараш ва ин нур, (қуръон)
ки нозил кардем, имон биёваред. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

9.

Рӯзе, ки ҳамаи шуморо дар маҳшар гирд оварад, он рӯз, рӯзи зиён
(барои кофирон ва суд барои мӯъминон) аст. Ва ҳар кӣ ба Худо имон биёварад ва
кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо
ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест!

10.

Ва онон, ки куфр варзиданд,  ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, аҳли
оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам бад саранҷомест!

11.

Ҳеҷ мусибате ҷуз ба фармони Худо  ба касе намерасад. Ва ҳар кӣ ба
Худо имон биёварад, Худо қалбашро ҳидоят мекунад. Ва Худо ба ҳар чизе доност!

12.

Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед. Пас, агар шумо рӯй
гардонед, ҳаройна, ба фиристодаи Мо вазифае ҷуз расонидани паёми ошкор нест.

13.

Худои  яктост, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас, мӯъминон
бояд  бар Худои якто таваккул кунанд.

14.

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳаройна, баъзе аз занону
фарзандонатон душмани шумо ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кунед. Ва агар афв кунед ва
чашм бипӯшеду гуноҳашонро пӯшида доред, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст!

15.

Ҷуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки
музди фаровон назди Худост.

16.

То тавонед, аз Худо битарсед ва гӯш фаро доред ва итоъат кунед ва
ба суди (манфиъат) худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз ҳирси нафси хеш дар
амон мондаанд, растагоронд.

17.

Агар ба Худо қарзу-л-ҳасана (садақа дар роҳи Худо) диҳед,
бароятон ду баробараш хоҳад кард. Ва шуморо меомурзад, ки ӯ шукркунандаву
(қадршинос) бурдбор аст.

18.

Донои ниҳону ошкор аст, пирӯзманду ҳаким аст!