1. |
Қасам ба он ситора, ки чун пинҳон шуд, |
2. |
ки ёри шумо на гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст. |
3. |
Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд. |
4. |
Нест ин сухан ҷуз он чӣ ба ӯ ваҳй мешавад. |
5. |
ӯро он фариштаи нерӯманд таълим додааст, |
6. |
соҳибнерӯе, ки рост истод |
7. |
ва ӯ ба канораи баландии осмон буд, |
8. |
сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд |
9. |
то ба қадри ду камон ё наздиктар. |
10. |
Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ваҳй кард. |
11. |
Дил он чиро, ки дид дурӯғ нашумурд. |
12. |
Оё дар он чӣ мебинад, бо ӯ (Паёмбар) ҷидол мекунед? |
13. |
ӯро (ҷабраилро) |
14. |
назди сидрату-л-мунтаҳо, |
15. |
ки ҷаннату-л-маъво назди он қарор дорад. |
16. |
Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид, |
17. |
чашм хато накард ва ҳад дарнагузашт. |
18. |
Албатта, порае аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид. |
19. |
Оё Лот ва Узоро дидаед? |
20. |
Ва манот, он бути |
21. |
Оё шуморо писар бошад ва ӯро духтар? |
22. |
Ин тақсимест хилофи адолат. |
23. |
Инҳо чизе нестанд ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо |
24. |
Оё ҳар чӣ одамӣ орзу кунад, барояш ҳосил аст. |
25. |
Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост. |
26. |
Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ суде |
27. |
Ҳаройна, онон, ки ба охират имон надоранд, албатта, фариштагонро |
28. |
инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз пиндорӣ худ |
29. |
Пас, ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯй мегардонад ва ҷуз |
30. |
Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳаройна, Парвардигори ту ба он ки аз |
31. |
Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то |
32. |
Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, ҷуз он ки |
33. |
Оё онро, ки аз ту рӯй гардонид, дидӣ? |
34. |
Андак мебахшид ва дар харҷ бухл меварзид. |
35. |
Оё илми ғайб дораду мебинад? |
36. |
Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст, |
37. |
ё аз Иброҳим, ки ҳаққи паёмбариро адо кард, |
38. |
ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро барнадорад? |
39. |
Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз он чӣ худ кардаанд, нест? |
40. |
Ва ба зудӣ, ки кӯшиши ӯ дар назар ояд. |
41. |
Сипас ба ӯ подоше тамом диҳанд. |
42. |
Ва ҳаройна, поёни роҳи ҳама ба сӯйи Парвардигори туст. |
43. |
Ва ҳаройна, ӯст, ки механдонаду мегирёнад. |
44. |
Ва ҳаройна, ӯст, ки мемиронаду зинда мекунад. |
45. |
Ва ҳаройна, ӯст, ки ҷуфтҳои нару модаро офаридааст, |
46. |
аз нутфа, он гоҳ ки дар раҳм (бачадони зан) рехта мешавад. |
47. |
Ва ҳаройна, бар Худованд аст, ки онро бори дигар зинда мекунад. |
48. |
Ва ҳаройна, ӯст, ки тавонгар кунад ва рӯзӣ диҳад. |
49. |
Ва ҳаройна, ӯст Парвардигори ситораи Шиъро. |
50. |
Ва ҳаройна, ӯст, ки Од, он қавми пешинро ҳалок кард |
51. |
ва аз Самуд ҳеҷ боқӣ нагузошт. |
52. |
Ва пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ҳаройна, ситамкортару саркаштар |
53. |
ва низ Мӯътафикаро нобуд кард. |
54. |
Ва фурӯ пӯшид он қавмро, ҳар чӣ бояд фурӯ пӯшад (сангборон кард). |
55. |
Пас, ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак мекунӣ? |
56. |
Ин (паёмбар) бимдиҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин. |
57. |
Қиёмат фаро расид. |
58. |
Кас ҷуз Худованд ошкораш накунад. |
59. |
Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед? |
60. |
Ва механдеду гиря намекунед? |
61. |
Ва шумо ғофил шудаед. |
62. |
Пас, Худоро саҷда кунед ва ӯро бипарастед! |