1. |
Қасам ба кӯҳи Тур |
2. |
ва қасам ба китоби навишташуда, |
3. |
дар сафҳае кушода (Қуръони маҷид) |
4. |
ва қасам ба байтулмаъмур |
5. |
ва қасам ба ин сақфи барафрошта (осмон) |
6. |
ва қасам ба баҳри моломол (лабрез аз оташ), |
7. |
ки ҳаройна, азоби Парвардигорат, ҳатман, воқеъ шуданист. |
8. |
Ва онро дафъкунандае нест. |
9. |
Рӯзе ки осмон сахт бичархад |
10. |
ва кӯҳҳо шитобон равон шаванд, |
11. |
пас вой, дар он рӯз бар дурӯғбарорандагон, |
12. |
онон ки саргарми корҳои ботили хешанд! |
13. |
рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд. |
14. |
Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед |
15. |
Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед? |
16. |
Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунед, фарқе |
17. |
Ҳаройна, парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд. |
18. |
Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо |
19. |
Ба подоши корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод. |
20. |
Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро |
21. |
Касоне, ки худ имон оварда ва фарзандонашон дар имон пайравияшон |
22. |
Ва пайваста аз ҳаргуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем. |
23. |
Дар он ҷо ҷоми май (шароби таҳур) диҳанд ва ҷоми май ситонанд, |
24. |
Ходимонашон чун марвориди пинҳон дар садаф дар гирдашон |
25. |
Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд. |
26. |
Мегӯянд: «Пеш аз ин, ҳаройна, дар миёни касонамон (хонавода) мо |
27. |
Пас, Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт . |
28. |
Ҳаройна, мо пеш аз ин ӯро мехондем, ки ҳаройна, ӯ эҳсонкунандаву |
29. |
Пас, пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на |
30. |
Ё мегӯянд: «Шоъиресту мо барои вай мунтазири ҳаводиси рӯзгорем». |
31. |
Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ҳаройна, ман низ бо шумо |
32. |
Оё ононро ақлҳояшон ба ин пиндорҳо кашонида ё худ мардуме саркаш |
33. |
Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» Балки, онҳо имон намеоваранд! |
34. |
Пас, агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд. |
35. |
Оё бе ҳеҷ холиқе падид омаданд ё худ холиқи хешанд? |
36. |
Ё осмонҳову заминро халқ кардаанд? Балки, ба яқин нарасидаанд. |
37. |
Ё хазинаҳои Парвардигорат наздики онҳост? Ё бар чизе тасаллут |
38. |
Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш фаро медиҳанд? |
39. |
Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон? |
40. |
Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст? |
41. |
Ё илми ғайб медонанду менависанд? |
42. |
Ё мехоҳанд ҳиллае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳилла гирифторанд. |
43. |
Ё онҳоро маъбудест ҷуз Худои барҳақ? Пок аст Аллоҳ аз ҳар чӣ |
44. |
Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест |
45. |
Пас, онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар он ба ҳалокат мерасанд, |
46. |
рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон суд накунад ва кас ба ёрияшон |
47. |
Ҳаройна, барои касоне, ки ситам мекунанд, боз ҳам азобест ҷуз ин |
48. |
Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ҳаройна, ту |
49. |
Ва тасбеҳ гӯй дар порае аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани |