1.
|
Қоф. Қасам ба ин Қуръони арҷманд!
|
2.
|
Ки дар таъаҷҷуб
шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае сӯяшон омад ва кофирон гуфтанд:
«Ин чизе аҷиб аст.
|
3.
|
Оё замоне, ки
мурдему хок шудем, дигар боз зинда мешавем? Ин бозгаште муҳол аст!»
|
4.
|
Мо медонем, ки
хок чӣ гуна аз (ҷасадҳои) онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он
нигаҳдорӣ шуда, назди мост.
|
5.
|
Оре, онҳо сухани
ростеро, ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас, дар коре парешон
(нобасомон) афтоданд.
|
6.
|
Оё ба ин осмон,
бар болои сарашон назар намекунанд, ки чӣ гуна онро бино кардаем ва оростаем ва
ҳеҷ шикофе дар он нест?
|
7.
|
Ва заминро
густурдем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар
он рӯёнидем.
|
8.
|
Бинише ва
пандест барои ҳар бандае, ки ба Худо бозгардад.
|
9.
|
Ва аз осмон обе
пурбаракат фиристодем. Пас, ба он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем
|
10.
|
ва нахлҳои
баланд бо хӯшаҳои барҳамчида,
|
11.
|
то ризқи
бандагон бошад ва ба он об сарзамини мурдаро зинда кардем. Баромадан аз гӯр низ
чунин аст.
|
12.
|
пеш аз онҳо
қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас ва Самуд дурӯғ шуморида буданд
|
13.
|
ва қавми Оду
Фиръавн ва қавми Лут
|
14.
|
ва асҳоби Айка
ва қавми Туббаъ ҳамагӣ паёмбаронро дурӯғгӯ шумурданд. Пас, сазовори ваъдаи азоби
Ман шуданд.
|
15.
|
Оё аз офариниши
нахустин оҷиз шуда будем? Балки, онҳо дар офариниши тоза дар шак ҳастанд.
|
16.
|
Ҳаройна, Мо
одамиро офаридаем ва аз васвасаҳои нафси ӯ огоҳ ҳастем, зеро аз раги гарданаш ба
ӯ наздиктарем.
|
17.
|
Ҳангоме, ки он
ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро
фаро мегиранд.
|
18.
|
Ҳеҷ каломе
намегӯяд, магар он ки дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.
|
19.
|
ба ростӣ,
ки беҳушии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ.
|
20.
|
ва дар
сур дамида мешавад. Ин аст рӯзи ваъдаи азоб!
|
21.
|
Ҳар касе меояд
ва бо ӯ касест, ки меронадаш ва касест, ки барояшон шаҳодат медиҳад.
|
22.
|
Ту аз ин ғофил
будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин шудааст.
|
23.
|
Фариштаи
(муваккали) ӯ гӯяд: «Ин аст он чӣ ман омода кардаам».
|
24.
|
Ҳар носипоси
саркашро ба ҷаҳаннам биандозед;
|
25.
|
он, ки аз бахшиш
бахилӣ кард ва таҷовузкор буд ва шак меовард,
|
26.
|
он ки бо Худои
барҳақ худои дигаре қарор дод. Пас, ба азоби сахташ биафканед!
|
27.
|
Ҳамнишини ӯ
(кофир) гӯяд (шайтони инсӣ ва ҷиннӣ): «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ
водор накардам, балки ӯ худ сахт дар гумроҳӣ буд».
|
28.
|
Мегӯяд (Худо):
«Назди Ман муҷодала макунед. Ман пеш аз ин бо шумо сухан аз азоб гуфта будам.
|
29.
|
Ваъдаи Ман
дигаргун намешавад. Ва Ман ба бандагон ситам намекунам».
|
30.
|
Рӯзе, ки
ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» мегӯяд: «Ҳеҷ зиёдатӣ ҳаст?»
|
31.
|
Ва биҳиштро
барои парҳезгорон наздик биёваранд, то аз он дур набошанд.
|
32.
|
Ин ҳамон чизест,
ки ба ҳар тавбакунандаи парҳезгоре ваъдааш дода буданд.
|
33.
|
Онҳоеро, ки дар
ниҳон аз Худои раҳмон метарсанд ва
бо диле тавбакор омадаанд.
|
34.
|
Гӯянд: «Дар амон
аз ҳар азобе ба биҳишт дохил шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист».
|
35.
|
Дар он ҷо барои
онҳо ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва афзун бар он назди Мо неъматҳои дигаре вуҷуд
дорад.
|
36.
|
Пеш аз онҳо чӣ
мардумеро, ки нерӯмандтар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ мекарданд, ба
ҳалокат овардем. Оё роҳи гурезе ҳаст?
|
37.
|
Ҳаройна, дар ин
сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш фаро медоранд, андарзест
(пандест).
|
38.
|
Мо осмонҳову
замин ва он чиро миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ба Мо
нарасид.
|
39.
|
Дар баробари он
чӣ мегӯянд, пойдорӣ кун ва дар ситоиши Парвардигорат пеш аз баромадани офтоб ва
пеш аз ғуруби он тасбеҳ гӯй.
|
40.
|
Ва низ дар порае
аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй.
|
41.
|
Ва он гоҳ ки
мунодӣ (нидокунанда, Исрофил) аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор.
|
42.
|
Рӯзе, ки он
овози сахтро ба ҳақ мешунаванд, он рӯзи берун шудан аз гӯр аст.
|
43.
|
Ҳаройна, Мо
зинда мекунем ва мемиронем ва ба сӯйи Мост.
|
44.
|
Рӯзе, ки замин
бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин гирдоварӣ барои Мо осон аст.
|
45.
|
Мо ба он чӣ
мегӯянд, донотарем ва ту ба онҳо маъмур (маҷбуркунанда) нестӣ. Пас, ҳар киро аз
ваъдаи азоби Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ!
|