1.

Худо аъмоли (неки) касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боз
доштанд, ботил сохтааст.

2.

Худо касонеро,
ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда,
ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон омада, имон овардаанд, гуноҳонашонро
аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.

3.

Ва ин (зоеъ
сохтани аъмоли неки кофирон ва бахшидани гуноҳи мӯъминон) ба он сабаб аст, ки
кофирон аз ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, аз ҳаққе, ки аз
ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин
мисолҳои (некиҳо ва бадиҳояшонро) баён мекунад.

4.

Чун бо кофирон
рӯ ба рӯ шудед (дар майдони набард), гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт
фурӯ кӯфтед (бо куштан ва захмӣ кардан), асирашон кунед ва сахт бибандед (яъне,
сахт назорат ва нигаҳбонияшон кунед). Он гоҳ ё ба миннат озод кунед ё ба фидя
(ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар
Худо мехост (аз роҳҳои дигаре, мисли тӯфон, заминларза, сел, ғарқ сохтан ва
дигар офатҳо) аз онон (кофирон) интиқом мегирифт, вале хост, то шуморо ба
якдигар биёзмояд (ва мӯъминонро бо ҷиҳод кардан бар зидди кофирон, имтиҳон
кунад). Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, ҳаргиз (савоби) аъмолашонро
ботил намекунад.

5.

Ба зудӣ, ки
ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.

6.

Ва ба биҳиште,
ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.

7.

Эй касоне, ки
имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад
бахшид.

8.

Бар кофирон:
“Ҳалокату шӯрбахтӣ бод”. Худо аъмолашонро ботил кардааст.

9.

Зеро онон
чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ аъмолашонро нобуд кард.

10.

Оё (кофирон) дар
замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд,
(ва паёмбаронашонро дурӯғгӯ баровардаанд) чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард
ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт.

11.

Ин (яъне, ёрӣ
додани мӯъминон ва ҳалок кардани кофирон) ба он сабаб аст, ки Худо ёвари
касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест.

12.

Худо касонеро,
ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар онҳо
ҷорист, дохил хоҳад кард. Вале кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун
чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст.

13.

Чӣ қарияҳое
(ободӣ ва шаҳрҳо), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту, ки аз он берунат карданд,
хеле нерӯмандтар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд.

14.

Оё касе, ки аз
ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касест, ки кирдори бадаш дар
назараш ороста шудааст ва (монанди касоне аст, ки) аз паи ҳавасҳои худ мераванд?

15.

Васфи биҳиште,
ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое
тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз
шароб, ки  ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар
он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ омурзиши Парвардигорашон. (Оё
биҳиштиён) монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе
ҷӯшон меошомонанд, чунон ки рӯдаҳояшон тика-тика мешавад?

16.

Баъзе (аз
мунофиқон) ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз
донишмандон (асҳоби паёмбар, ки Худованд ба онҳо илм додааст) мепурсанд: «Ин чӣ
суханоне буд, ки (Муҳаммад) алҳол (чанд лаҳза пештар) гуфт?» Худо бар дилҳояшон
мӯҳр ниҳодааст ва аз пайи ҳавою ҳавасҳои худ рафтаанд.

17.

Онон, ки ҳидоят
ёфтаанд, Худо  ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгориашон арзонӣ медорад.

18.

Оё танҳо
мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳаройна, нишонаҳои қиёмат ошкор
шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?

19.

Пас, бидон ҳеҷ
маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи  мардону занони мӯъмин
омурзиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб дар куҷо меоромед.

20.

Касоне, ки имон
овардаанд мегӯянд: «Кошки аз ҷониби Худо сурае нозил мешуд (ва моро ба ҷанги
зидди душманон мехонд)?» Чун сурае аз мӯҳкамот нозил шавад, ки дар он сухан аз
ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки
беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшон шоистатар

21.

фармонбардорист
ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат
варзанд, барояшон беҳтар аст.

22.

(Эй, касоне, ки
аз Ислом рӯй гардонидед ва ё касоне, ки аз ҷиҳод саркашӣ кардед) Оё агар ба
ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро
бибуред, (мисле, ки пешиниёнатон карданд)?

23.

Инҳоянд
(фасодкунандагон ва қатъкунандагони пайванди хешутаборӣ), ки Худо лаънаташон
кардааст ва гӯшҳояшонро (аз шунидани ҳақ) кару чашмонашонро (аз дидани роҳи
ҳидоят) кӯр сохтааст.

24.

Оё дар Қуръон
намеандешанд  ё бар дилҳо қуфлҳост (яъне, қуфлҳои он дилҳо)?

25.

Шайтон аъмоли
касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят ҳаройна муртад шуданд (аз дин
гаштанд) ва боз гаштанд, (ба куфр гумроҳияшон) дар назарашон биорост ва
орзуяшонро дароз кард.

26.

Ва ин (аз дин
баргаштанашон) ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки   оёти Худоро нохуш медоштанд
мегуфтанд: “Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем”. Ва Худо аз розашон
огоҳ аст.

27.

Чӣ гунаанд он
гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?

28.

Ин ба ҷазои он
аст, ки аз он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз он чӣ
хушнудаш месохта бадбинӣ доштаанд. Худо низ аъмолашонро (савоби амалҳои
некашонро) нобуд кард.

29.

Оё онон, ки дар
дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд,
ҳаргиз, ошкор нахоҳад кард?

30.

Ва агар бихоҳем
онҳоро ба ту менамоёнем, пас, ҳаройна, ту онҳоро ба симоҳояшон ва ҳатман, аз
шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз аъмолатон огоҳ аст.

31.

Ва албатта,
шуморо меозмоем (бо вуҷуди огоҳӣ аз аъмолатон), то муҷоҳидон ва собиронатонро
(аз муҷоҳиднамоҳо ва ношикебоҳо) маълум дорем ва ҳадисатонро ошкор кунем, (ки оё
дар роҳи Ислом содиқона сухан гуфтаед ё не).

32.

Албатта, касоне,
ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯй гардонданд ва бо он ки роҳи ҳидоят
барояшон ошкор шуда буд, бо паёмбар мухолифат варзидаанд ҳаргиз, ҳеҷ зиёне ба
Худо нахоҳанд расонид ва Худо аъмолашонро нобуд хоҳад кард.

33.

Эй касоне, ки
имон овардаед, ба Худо ва ба паёмбар итоъат кунед ва аъмоли хешро (бо муртад
шудан) ботил масозед.

34.

Албатта, Худо
касонеро, ки куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр
мурданд, ҳаргиз нахоҳад омурзид.

35.

Сустӣ наварзед,
то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз
подошҳоятон (савоби амалҳоятон) ҳаргиз, кам нахоҳад кард.

36.

Зиндагии
инҷаҳонӣ фақат бозиву беҳудагист (магар он ки барои Худо бошад). Ва агар имон
биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо
амволатонро наметалабад.

37.

Агар аз шумо
моле талабад ва ба исрор ҳам талабад, он гоҳ бухл меварзед ва кинаҳои
нуҳӯфтаатонро ошкор месозад.

38.

Огоҳ бошед, ки
шуморо даъват мекунанд, то дар роҳи Худо бахшиш кунед. Баъзе аз шумо бухл
меварзанд ва ҳар кас ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Худо
бениёз аст ва шумо ниёзмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме
дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошанд.