1.

Ҳо, мим.

2.

Савганд ба ин китоби равшангар!

3.

Мо ин китобро Қуръоне арабӣ қарор додем, бошад, ки ба ақл
дарёбед.

4.

Ва он дар Умму-л-китоб аст дар назди Мо: албатта, китобе арҷманду
ҳикматомез.

5.

Оё ба он сабаб, ки  мардуми газафкор ҳастед, аз шумо рӯй гардонем
ва Қуръонро аз шумо дареғ гардонем?

6.

Ба миёни пешиниён паёмбарони бисёре фиристодем.

7.

Ва ҳеҷ паёмбаре  бар онҳо фиристода намешуд, магар он ки
масхарааш мекарданд.

8.

Онҳоро, ки аз эшон нерӯмандтар буданд, ҳалок кардем. Ва достони
пешиниён  гузашт.

9.

Агар аз онҳо пурсӣ: «Чӣ зоте осмонҳову заминро офаридааст?»
Мегӯянд: «Онҳоро он пирӯзманди доно офаридааст!»

10.

Он ки заминро бисоти шумо сохт ва бароятон роҳҳо дар он падид
овард, бошад, ки ҳидоят ёбед.

11.

Ва он ки аз осмон об фиристод ба андоза. Ва ба он сарзамини
мурдаро зинда кардем. Шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун оварда мешавед

12.

ва он ки ҳама ҷуфтҳоро биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва
чорпоён маркабҳо сохт, ки савор шавед

13.

ва чун бар пушти онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро
ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он кас, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони
он набуд.

14.

Ва мо ба сӯи Парвардигорамон боз мегардем».

15.

Ва барои ӯ аз миёни бандагонаш фарзанде муқаррар карданд.
ҳаройна, Одамӣ ба ошкоро носипос
аст!

16.

Оё ӯ аз миёни махлуқонаш барои Худ духтарон баргирифта ва
писаронро хоси шумо кардааст?

17.

Ва чун ба яке аз онҳо муждаи таваллуди ҳамон чизеро диҳад, ки ба
Худои Раҳмон нисбат дода, рӯяш сиёҳ гардад ва пур аз хашм шавад.

18.

Оё ин ки ба ороиш парвариш ёфта (яъне духтар) ва дар ҳангоми
ҷидол ошкор намегардад, аз они Худост?

19.

Ва фариштагонро, ки бандагони Худоянд, зан пиндоштанд. Оё ба
ҳангоми хилқаташон он ҷо ҳозир будаанд? Ба зудӣ ин шаҳодаташонро менависанд ва
аз онҳо бозхост мешавад.

20.

Гуфтанд (кофирон): «Агар Худои Раҳмон мехост, мо фариштагонро
намепарастидем». Он чӣ мегӯянд, аз рӯи нодонист ва ҷуз ба дурӯғ сухан намегӯянд.

21.

Оё пеш аз қуръон
китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он чанг мезананд?

22.

Балки, мегӯянд:  «ҳаройна,
Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо аз пайи онҳо роҳёфтагонем».

23.

Ба он  сон пеш аз ту ба кадом деҳае бимдиҳандае фиристодем, магар
соҳибнеъматонаш гуфтанд: «ҳаройна,
падаронамонро бар дине ёфтем ва мо ба аъмоли онҳо иқтидо (пайравӣ) мекунем».

24.

Гуфт (паёмбар): «Ҳатто агар барои шумо чизе биёварам, ки аз он чӣ
падаронатонро бар он ёфта будед, ҳидояткунандатар бошад?» Гуфтанд: «Мо ба ойине,
ки шуморо ба он фиристодаанд, имон надорем».

25.

Пас аз онҳо интиқом гирифтем (азобашон кардем). Ва бингар, ки
оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст?

26.

Ва  Иброҳим  ба падару қавмаш гуфт:  «Албатта, ман аз он чи шумо
мепарастед, безорам,

27.

ғайри он ки маро офарида, ки албатта, ӯ роҳнамоиям хоҳад кард».

28.

Ва ин суханро (яъне калимаи тавҳидро) дар фарзандони ӯ сухане
поянда боқӣ гузошт, бошад, ки ба Худо бозгарданд.

29.

Ва ман инҳову падаронашонро аз зиндагӣ баҳраманд кардам, то он
гоҳ ки ҳақ ва паёмбаре равшангар ба сӯяшон омад.

30.

Чун ҳақ бар онҳо ошкор шуд гуфтанд: «Ҷодуст ва ҳаройна, мо ба он
имон намеоварем».

31.

Ва гуфтанд: «Чаро ин  Қуръон  бар марде аз бузургмардони он ду
деҳа нозил нашудааст?»

32.

Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Ҳол он ки мо
рӯзии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба
болотар аз баъзе дигар қарор додем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва
раҳмати Парвардигорат аз он чӣ онҳо гирд меоваранд, беҳтар аст.

33.

Ва агар на он буд, ки ҳамаи мардум як уммат мешуданд, сақфҳои
хонаҳои касонеро, ки Худои Раҳмонро  бовар надоранд, албатта, аз нуқра мекардем
ва бар онҳо нардбонҳое мениҳодем, то бар он боло бароянд.

34.

Ва барои хонаҳояшон низ дарҳое аз нуқра мекардем ва тахтҳое, ки
бар онҳо такя зананд

35.

ва аз ҳар гуна зинат. Ва ҳамаи инҳо бархурдории ночизи дунявист,
ҳол он ки охират дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст.

36.

Ҳар кас, ки аз ёди Худои Раҳмон рӯй гардонад,  шайтоне бар ӯ
вобаста мекунем, ки ҳамеша ҳамроҳаш бошад.

37.

Ва он шайтонҳо ононро, ҳаройна, аз роҳи Худо боз мегардонанд,
вале пиндоранд, ки ҳидоятёфтагонанд.

38.

То он гоҳ ки назди Мо ояд, мегӯяд: «Эй кош, дурии ману ту дурии
машриқу мағриб буд. Ва ту чӣ ҳамроҳи баде будӣ».

39.

Чун ситам кардед. Он рӯз пушаймонӣ ҳаргиз, суд накунад ва
албатта, ҳарду дар азоб шарик бошед.

40.

Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишнавонӣ ё кӯрон ва онҳоеро, ки дар
гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ бинамоӣ?

41.

Ва агар туро бибарем, албатта Мо аз онҳо интиқом мегирем.

42.

Оё он азобе, ки ба онҳо ваъда додем, ба ту нишон бидиҳем, ки
ҳаройна, Мо  бар онҳо тавоно ҳастем.

43.

Пас,  дар он чӣ бар ту ваҳй шудааст, чанг бизан, ки ту, ҳаройна,
ба роҳи рост ҳастӣ.

44.

Ва албатта, Қуръон сабаби баландовоза гаштани ту ва қавми туст ва
ба зудӣ бозхост шавед.

45.

Аз паёмбарони мо, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс: «Оё ҷуз Худои
Раҳмон, дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?»

46.

Ва албатта, Мӯсоро ҳамроҳ бо оёти Худ бар Фиръавн ва сардорони
қавмаш фиристодаем ва гуфт: «ҳаройна, ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!»

47.

Чун оёти Моро бар онон арза дошта,  ва ба ногоҳ ҳама аз он ба
ханда афтоданд.

48.

Ва ҳар мӯъҷизае бар онҳо нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар азимтар
буд. Он гоҳ ҳамаро ба азоб гирифтор кардем, бошад, ки (аз гумроҳӣ) бозгарданд.

49.

Гуфтанд: «Эй ҷодугар, Парвардигоратро бо он аҳде ки, бо ту
ниҳодааст,  барои мо бихон, ки мо, ҳаройна, ҳидоятшудагонем».

50.

Чун азобро аз онҳо бардоштем, паймони худро шикастанд.

51.

Фиръавн дар миёни мардумаш нидо дод, ки эй қавми ман, оё подшоҳии
Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пойи ман (зери кохҳо ва қасрҳо) ҷорӣ ҳастанд, аз
они ман нестанд? Оё (ҷоҳу мансаби маро дар баробари Мӯсо) намебинед?

52.

Оё  ман беҳтарам  ё ин марди хору залил, ки дуруст сухан гуфтан
наметавонад?

53.

Чаро дастҳояшро ба дастбандҳои тилло наёростаанд?  Ва чаро гурӯҳе
аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?

54.

Пас,  Фиръавн  қавми худро гумроҳ сохт, то аз ӯ итоъат карданд,
ки ҳаройна, мардуме табаҳкор буданд!

55.

Чун Маро ба хашм оварданд аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамаашонро
ғарқ сохтем.

56.

Ононро бар шумори гузаштагон ва масале (ибратангез) барои
ояндагон кардем.

57.

Ва чун достони писари Марям оварда шуд, қавми ту, Эй Муҳамммад,
ба шодмонӣ фарёд заданд

58.

ва гуфтанд: «Оё худоёни мо беҳтаранд ё ӯ (Исо)?» Ва ин суханро
ҷуз барои ҷидол бо ту нагуфтаанд, ки мардуме ситезаҷӯянд.

59.

ӯ (Исо) фақат бандае буд, ки Мо неъматаш арзонӣ доштем ва мояи
ибрати бани Исроилаш гардонидем.

60.

Агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар
рӯи замин ҷонишини шумо гарданд.

61.

Ва бе шубҳа ӯ (Исо)  нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Дар ин шак
макунед ва аз Ман пайравӣ кунед! Ин аст роҳи рост.

62.

Шайтон шуморо аз роҳ бознагардонад, зеро ӯ душмани ошкори шумост.

63.

Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ (назди бани Исроил) омад,
гуфт: «Бароятон ҳикмат овардаам ва омадаам, то чизҳоеро (умури динӣ), ки дар он
ихтилоф мекунед, баён кунам. Пас, аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед.

64.

Ҳаройна, Худои якто, Парвардигори ману Парвардигори шумост. ӯро
бипарастед. Роҳи рост ин аст».

65.

Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд
(ва ҳар як

ӯро ба
номе хонданд ва роҳи ифроту тафрит дар пеш гирифтанд). Пас, вой бар ситамкорон
аз азоби дардовари қиёмат!

66.

Оё чашм ба роҳи чизе ҷуз қиёматанд, ки ногоҳ ва бехабарашон
биёяд?

67.

Дар он рӯз дӯстон, ғайр аз парҳезгорон, душмани якдигаранд.

68.

Эй бандагони (парҳезгори) Ман, дар он рӯз биме бар шумо нест
(гирифтори азоб намешавед) ва шумо ғамгин нашавед.

69.

Он касоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслими амри Мо
шудаанд,

70.

шумо ва ҷуфтҳоятон (ҳамсаронатон) бо шодкомӣ ба биҳишт дохил
шавед.

71.

Қадаҳҳои заррин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар
он ҷост ҳар чӣ нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо
ҷовидона хоҳед буд!

72.

Ин биҳиштест, ки  ба подоши корҳое, ки кардаед, ба меросаш
мебаред.

73.

Дар он ҷо бароятон меваҳои бисёр аст, ки аз онҳо мехӯред.

74.

Ҳаройна, Гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд!

75.

Азобашон коҳиш намеёбад ва онҳо аз навмедӣ, (миёни азоб) хомӯш
бошанд.

76.

Мо ба онҳо ситаме накардаем (ки онҳоро гирифтори азоб кардаем),
аммо онҳо худ ба хештан ситам кардаанд.

77.

Фарёд бароварданд, ки эй молики дӯзах, кош Парвардигори ту моро
бимиронад (то аз азоб бираҳем). Мегӯянд: «на,
ҳаройна, шумо дар ин ҷо монданӣ ҳастед».

78.

Албатта, Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро
написандидед (душман гирифтед).

79.

Оё онҳо дар эътиқоди хеш пой фишурдаанд? Мо ҳам пой фишурдаем.

80.

Оё мепиндоранд, ки Мо розу наҷвояшонро (суханони пинҳонӣ)
намешунавем? Оре, ҳаройна расулони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд.

81.

Бигӯ: «Агар Худои раҳмонро
фарзанде мебуд, ман аз нахустин парастандагон мебудам».

82.

Пок ҳаст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори Арш аз он
нисбатҳо, ки ба ӯ медиҳанд.

83.

Пас, бигузорашон, то ба ҳамон суханони ботил машғул бошанд ва ба
бозича саргарм, то он рӯзе, ки онҳоро ваъда додаанд, бирасад.

84.

ӯст, ки ҳам дар осмон Худост ва ҳам дар замин Худост ва ҳакиму
доност!

85.

Бартару бузургвортар аст он кас, ки фармонравоии осмонҳову замин
ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси ӯст ва
ба ӯ бозгардонида мешавед.

86.

Касоне, ғайри
ӯро,
ки ба худоӣ мехонанд, қодир ба шафоъати касе нестанд. Магар касоне, ки аз рӯи
илм ба ҳақ шаҳодат дода бошанд (ва Худоро ба ягонагӣ парастида башанд).

87.

Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ зоте онҳоро офаридааст, албатта,
мегӯянд: «Аллоҳ». Пас, чаро аз ҳақ рӯй мегардонанд?

88.

Гуфтори паёмбар  ин буд: «Эй Парвардигори ман, ҳаройна, инҳо
мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд!

89.

Пас,  аз онҳо даргузар ва бигӯ: «Саломат бошед!» Оре, ба зудӣ
хоҳанд донист (ки барои худ чи азоби дарднокеро фароҳам сохтаанд).