40. СУРАИ ҒОФИР

1.

Ҳо,
Мим.

2.

Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманди доност,

3.

омурзандаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахтуқубат, соҳиби  неъматҳо.
Ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст.

4.

Фақат кофирон дар оёти Худо ҷидол мекунанд. Пас, ҷавлонашон
(сайру гашташон) дар шаҳрҳо туро нафиребад.

5.

Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз онҳо буданд,
паёмбарашонро дурӯғгӯ бароварданд. Ва ҳар уммате оҳанги он кард, ки
паёмбарашонро дастгир кунанд ва ба ботил ба ситеза бархостанд, то ҳақро аз миён
бардоранд. Аммо Ман онҳоро ба уқубат фурӯ гирифтам ва уқубати Ман чӣ сахт буд!

6.

Ҳамин тавр ҳукми Парвардигори ту бар кофирон муҳаққақ шуд, ки
ҳаройна, онҳо аҳли ҷаҳаннаманд!

7.

Онон, ки Аршро мебардоранд ва онҳо, ки бар гирди он ҳастанд, ба
ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва ба ӯ имон доранд ва аз ӯ барои
мӯъминон омурзиш мехоҳанд: «Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро
гирифтааст. Пас, ононро, ки тавба кардаанд ва ба роҳи ту омадаанд, биёмурз ва аз
азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор!

8.

Эй Парвардигори мо, ононро ва ҳар кӣ солеҳ бошад, аз падарону
ҳамсарон ва фарзандонашон ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил
кун, ки ҳаройна, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!

9.

Ононро аз азобҳо ҳифз кун, ки ҳар киро дар он рӯз аз азобҳо ҳифз
кунӣ, бар ӯ раҳмат овардаӣ ва он комёбии бузургест!»

10.

ҳаройна,
кофиронро нидо медиҳанд, ки душмании Худо бо шумо аз душмании шумо бо худатон,
он гоҳ ки ба имонатон фаро мехонданд ва роҳи куфр пеш мегирифтед, бузургтар аст.

11.

Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ду бор мирондӣ ва ду бор зинда
сохтӣ ва мо ба гуноҳонамон иқрор кардаем. Оё берун шуданро роҳе ҳаст?»

12.

Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Худоро ба яктоӣ мехонданд, шумо
инкор мекардед ва агар барои ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон
меовардед. Пас фармон фармони Худои баландмартабаи бузург аст.

13.

ӯст, он ки оёти Хешро ба шумо нишон дод ва бароятон аз осмон рӯзӣ
фиристод. Танҳо касе панд мегирад, ки рӯй ба Худо оварад.

14.

Пас, Худоро бихонед, дар ҳоле,ки танҳо барои ӯ дар дин ихлос
меварзед, агарчи кофиронро нохуш ояд.

15.

Баландкунандаи мартабаҳо соҳиби Арш, ки бар ҳар як аз
бандагонаш,  ки бихоҳад, ба фармони Худ ваҳй мефиристад, то мардумро аз рӯзи
қиёмат битарсонад.

16.

Он рӯз, ки ҳамагон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз онҳо бар Худо пӯшида
намонад. Дар он рӯз фармонравоӣ аз они кист? Аз они Худои яктои қаҳҳор!

17.

Он рӯз ҳар касро монанди аъмолаш ҷазо дода мешавад ва ба касе
ситаме намеравад. Ва ҳаройна,  Худо зуд ба ҳисобҳо мерасад!

18.

Аз рӯзи қиёмат битарсонашон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ (аз
хавфи қиёмат) наздики гулӯҳо расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад
ва на шафеъе, ки суханашро бишнаванд.

19.

(Худованд) дуздона нигоҳ кардани чашмҳоро
ва ҳар чӣ дилҳо ниҳон доштаанд, медонад.

20.

Худ ба дурустӣ доварӣ мекунад. Вале касоне, ки ғайри ӯро ба худоӣ
мехонанд, ҳеҷ доварӣ натавонанд кард. Албатта,  Худо мешунавад ва мебинад!

21.

Оё дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати
пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо ва ёдгориҳое, ки дар рӯйи замин
падид оварда буданд, аз инҳо бештар буд. Ва Худо онҳоро ба ҷазои куфрашон фурӯ
гирифт ва аз қаҳри Худованд онҳоро нигаҳдорандае набуд.

22.

Ин ба он сабаб буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан  наздашон
омаданд, вале (паёмбаронашро) инкор карданд ва Худо ҳам ононро фурӯ гирифт. Ва
ҳаройна, Худо нерӯманд аст ва ба сахти уқубат мекунад!

23.

Мо Мӯсоро бо оёти Худ ва ҳуҷҷате ошкор фиристодем

24.

ба сӯи Фиръавну Ҳомон ва Қорун. Ва гуфтанд, ки ӯ ҷодугаре
дурӯғгӯст!

25.

Чун дини ҳақро аз ҷониби Мо ба онҳо арза дошт, гуфтанд: «Писарони
касонеро, ки ба ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро зинда бигузоред?» Ва
ҳиласозии кофирон дар тариқи табоҳӣ бошад.

26.

Фиръавн гуфт:
Бигузоред,
Мӯсоро
бикушам ва ӯ Худои худро ба ёрӣ талабад.
Метарсам динатонро дигаргун кунад ё дар ин сарзамин фасоде барангезад!

27.

Мӯсо гуфт: «Ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо  аз ҳар
мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, паноҳ мебарам!»

28.

Ва марде мӯъмин аз хонадони Фиръавн, ки имонашро пинҳон дошта
буд, гуфт: «Оё мардеро, ки мегӯяд,  Парвардигори ман Худои барҳақ аст ва бо
далелҳои равшан аз  ҷониби Парвардигоратон омадааст, мекушед? Агар дурӯғ мегӯяд,
гуноҳи дурӯғаш бар гардани худи ӯст ва агар рост мегӯяд, баъзе аз ваъдаҳое, ки
додааст, ба шумо хоҳад расид. Албатта, Худо ҳеҷ исрофкори дурӯғгӯеро ҳидоят
намекунад!

29.

Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ аз они шумост. Бар ин сарзамин
ғалаба доред. Вале агар азоби Худо бар сари мо ояд, чӣ касе ёриамон хоҳад кард?»
Фиръавн гуфт: «Шуморо ҷуз он чӣ худ маслиҳат мебинам, роҳе нанамоям ва ҷуз ба
роҳи савоб роҳнамоӣ накунам».

30.

Он, ки имон оварда буд, гуфт: «Эй қавми ман, бар шумо аз он чӣ
бар сари он қавмҳои дигар омадааст, бимнокам.

31.

Монанди қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки аз он пас
омадаанд. Ҳол  он ки Худо барои бандагонаш хостори ситам нест.

32.

Ва эй қавми ман, аз он рӯз, ки якдигарро ба фарёд бихонед, бар
шумо бимнокам.

33.

Он рӯз, ки ҳамагӣ пуштгардону гурезонед ва ҳеҷ кас шуморо аз
азоби Худо нигоҳ намедорад. Ва ҳар касро, ки Худо гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳнамое
надорад!

34.

Юсуф пеш аз ин  бо далелҳои равшан бар шумо фиристода шуд ва шумо
аз он чӣ оварда буд, ҳамчунон дар шак мебудед. Чун Юсуф бимурд, гуфтед: «Худо
пас аз ӯ, ҳаргиз, дигар паёмбаре нахоҳад фиристод!» Худо таҷовузкори
шаковарандаро ин гуна гумроҳ месозад!

35.

Касоне, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки дар  даст дошта бошанд, дар оёти
Худо ҷидол мекунанд. Кори онон назди Худову мӯъминон сахт нописанд аст.  Худо
бар дили ҳар мутакаббири ҷабборе инчунин мӯҳр мениҳад!

36.

Фиръавн гуфт: “Эй Ҳомон, барои ман қалъаи баланде бисоз, шояд ба
он дарҳо даст ёбам:

37.

дарҳои  осмонҳо. Ва Худои Мӯсоро бубинам, зеро пиндорам, ки дурӯғ
мегӯяд». Ба ин тарз кирдори зишти Фиръавн дар назараш ороста шуд ва ӯ аз роҳ
бозмонд ва  чораҷӯии ӯ ҷуз зиён ҳеҷ набуд.

38.

Он марде, ки имон оварда буд, гуфт: «Эй қавми ман, аз паи ман
биёед, то ба роҳи савоб ҳидоятатон кунам.

39.

Эй қавми ман, ин зиндагии дунё беарзишу хушгузарониест (яъне,
андак аст). Ва охират сарои бақост.

40.

Ҳар кас кори баде бикунад, ҷуз монанди амалаш ҷазо наёбад. Ва ҳар
кас аз марду зан, ки мӯъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой орад, пас онҳо ба
биҳишт дохил шаванд ва беҳисоб рӯзиашон диҳанд.

41.

Эй қавми ман, чист, ки ман шуморо ба наҷот мехонам ва шумо маро
ба оташ фаро мехонед?

42.

Маро даъват мекунед, ки ба Худо кофир шавам ва чизеро, ки
намешиносам, шарики ӯ қарор диҳам, ҳол он ки  ман шуморо ба Худои пирӯзманди
омурзанда даъват мекунам.

43.

Бешак, он чӣ шумо маро ба он даъват мекунед, тавоноии онаш нест,
ки дар  дунёву охират касеро ба сӯи худ хонад (яъне, ҳамон бут), ва ҳол он ки
албатта, бозгашти мо ба сӯи Худои барҳақ аст ва ҳатман, таҷовузкорон дар
ҷаҳаннам бошанд.

44.

Ба зудӣ он чиро, ки акнун мегӯям, ба ёд хоҳед овард. Ва ман кори
хеш ба Худо вогузор кардам, албатта,  ӯ бандагонашро мебинад!»

45.

Худо ӯро аз осеби макре, ки барояш андешида буданд, нигоҳ дошт ва
он азоби ногувор хонадони Фиръавнро дар миён гирифт.

46.

Оташ. Ҳар субҳу шом онҳо бар оташ арза шаванд ва рӯзе, ки қиёмат
барпо  шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки),  хонадони  Фиръавнро  ба
сахттарин  азобҳо  дароваред!»

47.

Ва он гоҳ дар даруни оташ бо якдигар ба муҷодала бархезанд ва
нотавонон ба гарданкашон гӯянд, ки мо пайравони шумо будем, оё метавонед андаке
аз ин оташе, ки насиби мо шудааст, бикоҳед?

48.

Онон, ки саркашӣ карда буданд, мегӯянд: «Ҳамаи мо дар оташем. Ва
Худост, ки миёни бандагонаш доварӣ кардааст!»

49.

Ва онҳо, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони ҷаҳаннам мегӯянд: «Аз
Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз аз азоби мо кам кунад».

50.

Мегӯянд
(
нигаҳбонони
дӯзах):
«
Оё
паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд
Мегӯянд (дӯзахиён): «Бале».Мегӯянд: «Пас, дархост кунед». Ва дархости кофирон,
ҷуз он ки табоҳ шавад, ҳеҷ нахоҳад буд.

51.

Мо паёмбаронамон ва мӯъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзи
қиёмат, ки шоҳидон барои шаҳодат барпой меистанд, ёрӣ мекунем.

52.

Дар рӯзе, ки ситамкоронро узр хостан суд надиҳад ва насиби онҳо
лаънат аст ва барояшон сарои бад аст!

53.

Мо ба Мӯсо мартабаи ҳидоят додем  ва он китобро ба бани Исроил
мерос додем.

54.

Китобе, ки худ ҳидоят аст ва барои хирадмандон андарз.

55.

Сабр кун, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст. Барои гуноҳат омурзиш
бихоҳ ва ҳар шомгоҳу бомдод ба ситоиши Парвардигоратон  тасбеҳ бигӯй.

56.

Онҳо, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки аз осмон омада бошад, дар бораи оёти
Худо муҷодала мекунанд, дар дилашон ҷуз ҳавою (ҳаваси) бузургӣ нест, вале ба он
нахоҳанд расид. Пас, ба Худо паноҳ бибар, ки албатта, ӯ бисёр шунавою биност!

57.

Офариниши осмону замин аз офариниши мардум бузургтар аст, вале
бештари мардум намедонанд!

58.

Нобинову бино баробар нестанд. Низ онҳое, ки имон овардаанд ва
корҳои шоиста кардаанд, бо зишткорон  яксон набошанд. Чӣ андак панд мепазиред!

59.

ҳаройна,
қиёмат, ҳатман, меояд  ва дар он шубҳае нест, вале бештари мардум имон
намеоваранд.

60.

Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои)
шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ дар
айни хорӣ ба ҷаҳаннам дароянд!»

61.

Худост, он ки шабро бароятон офарид, то дар он биоромед ва рӯзро
равшаноӣ бахшид. ҳаройна, Худо
фазли хеш, ҳатман,  ба мардум арзонӣ медорад. Вале бештари мардум шукргузор
нестанд.

62.

Ин аст Худои барҳақ, Парвардигори шумо, Офаридгори ҳама чиз.
Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунанд?

63.

Ҳамчунин баргардонида мешаванд (аз ҳидоят) онон, ки оёти Худоро
инкор мекарданд.

64.

Худост, ки заминро қароргоҳи шумо сохт ва осмонро чун биное
биафрохт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои
покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Худои барҳақ, Парвардигори шумо. Бартару
бузургвор аст Худо, он Парвардигори ҷаҳониён!

65.

ӯ зинда аст, Худое барҳақ ғайри ӯ нест.  ӯро ибодат кунед, дар
ҳоле, ки дини ӯро ба ихлос пазируфта бошед, ки ситоиш аз они Худоест, ки
Парвардигори ҷаҳониён аст!

66.

Бигӯ: «Маро манъ кардаанд, ки чизҳоеро, ки ғайри Худои барҳақ
мепарастед, парастиш кунам, дар ҳоле, ки аз ҷониби Парвардигорам барои ман
далелҳое равшан омадааст. Ва ба ман фармон додаанд, ки дар баробари Парвардигори
ҷаҳониён таслим бошам».

67.

ӯст он Худое, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз лахтаи
хуне биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, ки кӯдаке будед, аз раҳми модар берун овард,
то ба синни ҷавонӣ бирасед ва пир шавед. Баъзе аз шумо пеш аз пирӣ бимиред ва
баъзе ба он замони муъайян мерасед, то ки ба ақл дарёбед.

68.

ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва чун иродае чизе кунад,
мегӯядаш: «Мавҷуд шав!». Пас, мавҷуд мешавад.

69.

Оё надидаӣ онҳое, ки дар оёти Худо кашмакаш мекунанд, чӣ гуна
бероҳа мешаванд?

70.

Касоне, ки ин китобро дурӯғ мешуморанд ва он чиро, ки ба василаи
паёмбарон фиристодаем, такзиб мекунанд, ба зудӣ хоҳанд донист,

71.

Он гоҳ ки тавқҳоро ба гарданашон андозанд ва бо занҷирҳо
бикашандашон

72.

дар оби ҷӯшон, сипас дар оташ афрӯхта шаванд.

73.

Он гоҳ ба онҳо гуфта шавад: «Он шарикон, ки барои Худо
мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»

74.

Мегӯянд: «Онҳоро аз даст додаем, балки пеш аз ин чизеро ба худоӣ
намехондаем». Худо кофиронро ин гуна гумроҳ мекунад.

75.

Ин ба он сабаб аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмон будед ва нозу
карашма мекардед.

76.

Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед. Ҳамеша дар он ҷо бимонед. Ва
ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест!

77.

(Эй Муҳаммад) пас, сабр кун, албатта, ваъдаи Худо рост аст. Ё
баъзе аз он чизҳоро, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем ё туро
бимиронем ва онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд.

78.

пеш
аз ту паёбароне фиристодаем. Достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро
нагуфтаем. Ва ҳеҷ паёмбареро нарасад, ки ояте биёварад, магар ба фармони Худо.
Ва чун фармони Худо даррасад, барҳақ доварӣ гардад ва онон, ки бар ботил
будаанд, он ҷо зиён хоҳанд дид.

79.

Худост, ки чорпоёнро бароятон офарид, то бар баъзе савор шавед ва
аз баъзе бихӯред.

80.

Ва шуморо дар он манфиъатҳост ва метавонед бо онҳо ба ҳоҷатҳое,
ки дар назар доред, бирасед. Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор шавед.

81.

Оёти хешро бар шумо менамоёнад. Пас, кадом як аз оёти Худоро
инкор мекунед?

82.

Оё дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки
пеш аз онҳо мезистаанд, чӣ гуна будааст? Мардуме, ки нерӯяшон бештар ва осорашон
дар рӯи замин, фаровонтар буд. Пас, он чизҳо, ки ба даст меоварданд, судашон
набахшид.

83.

Чун паёмбаронашон бо далелҳои равшан ба сӯяшон  омаданд, ба
дониши худ (касби маош) дилхуш буданд, то он чизе, ки масхарааш мекарданд,
онҳоро дар миён гирифт.

84.

ва
чун азоби Моро диданд, гуфтанд: «Ба Худои якто имон овардем ва ба он чизҳое, ки
шарики Худо қарор дода будем, кофир шудем».

85.

Аммо он ҳангом, ки азоби Маро диданд, дигар имонашон барояшон
суде набахшид. Ин суннати Худост дар рафтор бо бандагонаш. Ва кофирон дар он рӯз
зиён карданд!