38. Сураи СОД

1.

Сод. Савганд ба Қуръони шарифи соҳиби панд,

2.

Балки кофирон ҳамчунон дар саркашиву хилофанд.

3.

Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз онҳо ба ҳалокат расонидем. Онон
фарёд бароварданд, вале гурезгоҳе набуд.

4.

Дар таъаҷҷуб шуданд аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон
бархост. Ва кофирон гуфтанд: «Ин ҷодугаре дурӯғгуст.

5.

Оё ҳамаи худоёнро  худои якто гардонидааст? Ва ҳаройна, ин чизе аҷиб аст?»

6.

Бузургонашон ба роҳ афтоданду гуфтанд: «Биравед ва  ба парастиши
худоёни хеш пойдорӣ кунед, ки ҳаройна, ин аст чизе, ки аз шумо хоста шудааст.

7.

Мо дар ин охирин ойин чунин сухане нашунидаем ва ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ
чиз нест.

8.

Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй ба ӯ нозил шудааст?» балки онҳо аз
ваҳйи Ман дар шубҳаанд балки, ҳанӯз азоби
м
оро начашидаанд.

9.

Оё  хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар
назди онҳост?

10.

Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они
онҳост? Пас, бо нардбонҳое худро ба осмон кашанд.

11.

Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз  аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи
ҷамъшуда.

12.

Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн, ки мардумро ба чаҳормех
мекашид, паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд.

13.

Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка аз он ҷамоъатҳо
буданд.

14.

Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас
(онҳоро) уқубати Ман воҷиб омад.

15.

Инҳо низ ҷуз бонге сахт интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар
таваққуфе набошад.

16.

Ва гуфтанд (ба тариқи истеҳзо): «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли
моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»

17.

Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун ва аз бандаи Мо Довуди қудратманд, ки
ҳамеша ба даргоҳи Мо тавба мекард, ёд овар!

18.

ҳаройна,
Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд.

19.

Ва паррандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд.

20.

Фармонравоияшро устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар
сухан ато кардем.

21.

Оё хабари он хусуматкунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори
қаср  ба масҷид даромаданд?

22.

Бар Довуд дохил шуданд. Довуд аз онҳо тарсид. Гуфтанд:  «Матарс,
мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба дурустӣ
доварӣ кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун.

23.

ҳаройна,
ин бародари ман аст. ӯро наваду нӯҳ меш (гӯсфанд) аст ва маро як меш. Мегӯяд:
«Онро ҳам ба ман бидеҳ ва дар даъво бар ман ғалаба ёфтааст».

24.

Довуд гуфт: «ӯ, ки меши туро аз ту мехоҳад, то ба мешҳои хеш
бияфзояд, бар ту ситам мекунад ва ҳаройна, бисёре аз шарикон ҷуз касоне, ки имон
овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва инон низ андак ҳастанд, бар якдигар ситам
мекунанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас, аз Парвардигораш омурзиш хост
ва ба рукӯъ дарафтоду тавба кард.

25.

Мо ин хатояшро бахшидем. ҳаройна,
ӯро ба даргоҳи Мо тақарруб (наздикӣ) аст ва бозгаште некӯ.

26.

Эй Довуд, ҳаройна, Мо туро халифаи рӯйи замин гардонидем. Дар
миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи
Худо гумроҳ месозад. ҳаройна, онон
ки аз роҳи Худо каҷрав шаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро аз ёд  бурдаанд, ба
азобе шадид гирифтор мешаванд.

27.

Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ботил
наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон аз
(азоби) оташ.

28.

Оё касонеро,  ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд,
монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун
гуноҳкорон?

29.

Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардем, то дар оёташ
бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд.

30.

Сулаймонро бар Довуд ато кардем. Чӣ бандаи некӯе буд ва рӯй ба
Худо дошт.

31.

Он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезравро, ки истода буданд, ба ӯ
нишон доданд,

32.

гуфт (Сулаймон): «ҳаройна,
ман дӯстии ин аспонро (ба мисли дӯстдоштани мол) ба ёди Парвардигорам
бигзидаам, то офтоб дар пардаи ғуруб (пӯшида) шуд (яъне намози аср қазо шуд),

33.

он аспонро назди ман бозгардонед (вақте аспҳо баргардонида шуданд
гуфт, ки ба Худо қасам, маро аз ёди Худо ғофил нахоҳед кард)». Пас, ба буридани
соқҳо ва гарданашон оғоз кард (то ҳамаро дар роҳи Худо қурбон сохт).

34.

Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро афкандем ва ӯ рӯй
ба Худо овард.

35.

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро мулке ато кун ва
пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳаройна, ту бахшояндаӣ».

36.

Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо, ки мехост, ба
фармони ӯ мерафт.

37.

Ва девонро, ки ҳам бинокор буданду ҳам шиновар.

38.

Ва гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд.

39.

Ин атои беҳисоби Мост, хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор.

40.

ҳаройна,
ӯрост назди Мо тақаррубу (наздик шудану) бозгаште некӯ.

41.

Ва аз бандаи Мо Айюб ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод,
ки  ҳаройна, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст.

42.

Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шустушӯй ва сард барои
ошомидан.

43.

Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро (фарзандонро)
ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарзе (панде).

44.

«Дастае аз химчаҳои  борикро  ба даст гир ва бо он (занатро)
бизан ва савганди хешро машикан». ӯро (Аюбро) бандае собир ёфтем.
ҳаройна, ӯ, ки ҳамвора рӯй ба
даргоҳи Мо дошт, чӣ некӯ бандае буд!

45.

Бандагони Мо Иброҳиму Исо ва Яъқуб, он мардони қудратманду бо
илмро ёд кун!

46.

ҳаройна,
ононро хислати покдили бахшидем, то ёди қиёмат кунанд.

47.

ҳаройна,
онҳо дар назди мо баргузидагону неконанд.

48.

Ва Исмоил ва Алясаъ ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз неконанд.

49.

Ин Қуръон пандест ва ҳаройна, парҳезгоронро бозгаште некӯст;

50.

биҳиштҳои ҷовидон, ки дари он ба рӯяшон кушода аст.

51.

Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданӣ, ки бихоҳанд,
металабанд.

52.

Заноне ҳамсол аз он гуна, ки ҷуз ба шӯи хеш назар надоранд, назди
онҳоянд.

53.

Ин аст он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда додаанд.

54.

ҳаройна,
ин ризқи Мост, ки поён наёфтанист,

55.

чунин аст. Ва ҳаройна, саркашонро бадтарин бозгаштҳост.

56.

Ба ҷаҳаннам мераванд, ки бад ҷойгоҳест.

57.

Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд.

58.

Ва шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ.

59.

Ин гурӯҳ бо шумо (эй гумроҳкунандаҳо) бар оташ дармеоянд.
Хушомадашон мабод, ки  албатта, ба оташ меафтанд.

60.

Гӯянд (пайравон ба сарварон) : «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо
ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест»

61.

Гӯянд (пайравон): «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш
барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!»

62.

Ва гӯянд (дӯзахиён ба ҳамдигар): «Чаро мардонеро, ки аз ашрор
(бадкорон) мешумурдем, акнун намебинем?

63.

Ононро ба масхара мегирифтем. Оё аз назарҳо дур мондаанд?»

64.

Албатта, ин ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар чизест, ки ба ҳақиқат
воқеъ шавад.

65.

Бигӯ (эй Муҳаммад): «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам ва
ҳеҷ худое  ба ҷуз Худои яктои қаҳҳор нест.

66.

Он пирӯзманду омурзанда, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ
миёни онҳост».

67.

Бигӯ: «Ин хабаре бузург аст,

68.

ки шумо аз он рӯй мегардонед.

69.

Ҳангоме, ки бо якдигар ҷидол мекарданд, ман хабаре аз сокинони
олами боло надоштам.

70.

Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае равшангар
ҳастам».

71.

Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «ҳаройна,
ман  башареро аз гил меофаринам.

72.

Чун тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи
худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед».

73.

Ҳама фариштагон саҷда карданд,

74.

ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.

75.

(Худованд) Гуфт: «Эй Иблис, чӣ  чиз туро аз саҷда кардан дар
баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ (яъне, қуввати Худ) офаридам, манъ кард? Оё
бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»

76.

Гуфт: « Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз
гил».

77.

Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ.

78.

Ва ҳаройна, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту бод».

79.

Гуфт: « Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки аз нав зинда
шаванд, мӯҳлат деҳ!»

80.

Гуфт: « Пас, ҳаройна, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,

81.

то он рӯзи муъайяни маълум».

82.

Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳаройна, ҳамагонро гумроҳ кунам,

83.

магар онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту  бошанд».

84.

Гуфт: «Ҳақ аст  он чӣ мегӯям  ва рост аст (ва ҷуз ҳақ намегӯям),

85.

ки албатта, ҷаҳаннамро аз туву аз ҳамаи пайравонат пур кунам».

86.

Бигӯ(эй Муҳаммад): «Ман аз шумо музде наметалабам ва нестам  аз
онон, ки ба дурӯғ чизе аз худ мебофанд (ва он чи мегӯям сохтаву бофта нест)».

87.

Ва ин ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон (ва василаи бедории ҳамаи
онҳо) нест.

88.

Ва албатта, ту баъд аз ин аз хабари он огоҳ хоҳӣ шуд (ва шумо ба
зудӣ сидқи ваъда ва ваъид (таҳдид) ва ростии ахбору гуфтори
қуръони маҷидро ҳам дар ин ҷаҳон
ва ҳам дар он ҷаҳон хоҳед дид )!