37. Сураи СОФФОТ

1.

Савганд ба он
фариштагон, ки барои ниёиш саф бастаанд,

2.

савганд ба он
фариштагон, ки (шаётин ва ё абрҳоро) меронанд,

3.

ва  савганд ба
он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд,

4.

ки ҳаройна,
Худои шумо, Худои яктост.

5.

Парвардигори
осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар  миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳост!

6.


ҳ
аройна,
Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем.

7.

Ва аз ҳар
шайтони нофармон нигаҳ доштем.

8.

То сухани
сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд.

9.

То ронда шаванд
ва барои онҳост азобе доим.

10.

Магар он шайтон,
ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад.

11.

Пас, аз кофирон
бипурс, ки офариниши онҳо душвортар

аст ё он чӣ Мо
офаридаем. ҳаройна, Мо онҳоро  аз гиле

часпанда
офаридаем.

12.

Ту дар таъаҷҷуб
шудӣ  ва онҳо масхара мекунанд.

13.

Ва чун ба онҳо
панд дода шавад, панд намепазиранд.

14.

Ва чун ояте
бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то ба

ришхандаш
гиранд.

15.

Ва мегӯянд: « Ин
чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест,

16.

оё вақте ки мо
мурдем ва хоку устухон шудем, моро, ҳатман,

зинда мекунанд?

17.

Ё ниёгони моро?

18.

Бигӯ: «Бале ва
(ҳол он ки) шумо хору бечора мешавед!»

19.

Ва (аз нав зинда
шудан) танҳо, он (сури дуввум) як садоест

(ки Исрофил дар
сур медамад), пас ногаҳон онҳо мебинанд

(чизҳои ваъда
шудаи қиёматро).

20.

Мегӯянд: «Вой
бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!»

21.

Ин ҳамон рӯзи
файсала (доварӣ) ҳаст,  ки дурӯғаш мепиндоштед.

22.

Ононро, ки ситам
мекарданд бо ҳамсаронашон (ки куфр

пешаанд) ва
онҳоеро, ки  ба ҷои Худои якто мепарастиданд,

гирд оваред.

23.

Ва ҳамаро ба
роҳи ҷаҳаннам  роҳ бинамоед.

24.

Ва нигаҳ
доредашон, бояд, ки бозхост шаванд.

25.

«Чаро якдигарро
ёрӣ намекунед?»

26.

Балки, имрӯз
ҳама таслимшавандагонанд.

27.

Ва он гоҳ рӯй ба
якдигар кунанд ва аз ҳамдигар бипурсанд.

28.

Гӯянд: «Шумо
будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо дармеомадед».

29.

Гӯянд:  «На,
шумо имон наёварда будед.

30.

Моро бар шумо
ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед.

31.

Гуфтаи
Парвардигорамон бар мо собит шуд. Акнун бояд бичашем (азобро).

32.

Мо шуморо гумроҳ
кардем ва худ низ гумроҳ будем».

33.

Пас, ҳаройна,
дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд.

34.

Мо бо гунаҳкорон
чунин мекунем.

35.

ҳаройна,
чун ба онон гуфта мешуд, ки ҷуз Худои якто  худое нест, такаббур мекарданд

36.

ва мегуфтанд:
«Оё ба хотири шоъири девонае худоёнамонро тарк  гӯем?»

37.

Балки, он
паёмбар (паёмбари ислом) ҳақро
овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард.

38.

ҳаройна,
шумо азоби дардоварро, ҳатман, хоҳед чашид!

39.

Дар баробари аъмолатон ҷазо хоҳед  дид.

40.

Ғайри бандагони мухлиси Худо,

41.

ки барои онҳо ризқе муайян аст

42.

аз меваҳо ва гиромӣ шудагонанд

43.

дар биҳиштҳои пурнеъмат,

44.

бар тахтҳое дар рӯ ба рӯи ҳаманд.

45.

Ва ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад,

46.

сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш,

47.

на ақл аз он табоҳӣ гирад ва на нӯшанда маст шавад.

48.

Заноне фаррохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд,
ҳамдами онҳоянд.

49.

Монанди тухми (шутурмурғ) ҳастанд, ки (дар зери болу параш воқеъ
аст) дастнорас.

50.

Рӯ ба якдигар кунанд ва ба гуфтугӯ пардозанд.

51.

Яке аз онҳо гӯяд: « Маро ҳамнишине буд,

52.

ки мегуфт: « Оё ту аз онҳое ҳастӣ, ки (рӯзи қиёматро) тасдиқ
мекунанд?

53.

Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?»

54.

Гӯянд: «Метавонед аз боло бингаред?»

55.

Аз боло  бингарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад.

56.

Гӯяндаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ.

57.

Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ  аз
ҳозиршудагони азоб мебудам.

58.

Оё моро марге нест,

59.

ҷуз он марги нахустин? Ва  дигар азобамон намекунанд!»

60.

Ҳаройна,  ин аст комёбии бузург!

61.

Амалкунандагон бояд барои чунин подоше амал кунанд.

62.

Оё зиёфатро ин (ҳама неъматҳои бекарон ва ҷовидонӣ) беҳтар ё
дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва
талх дар ҷаҳаннам)?

63.

Мо он дарахтро барои гирифтории ситамкорон падид овардаем.

64.

Дарахтест, ки аз қаҳри ҷаҳаннам мерӯяд,

65.

мевааш ҳамонанди сари шайётин аст,

66.

дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд

67.

ва аз болои он (зиёфат), ҳаройна, омезае аз оби сӯзон менӯшанд
(яъне, баъди хӯрдани меваи Заққум аз болои он маҷбуран оби касифу сӯзоне
нӯшонида мешаванд).

68.

Сипас бозгашташон, албатта,  ба  ҷаҳаннам аст.

69.

ҳаройна,
онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд

70.

ва бар пайи онҳо (нафаронашон) шитобон ронда мешаванд.

71.

Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд.

72.

Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем.

73.

Пас, бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд?

74.

Ҷуз бандагони мухлиси Худо!

75.

Нӯҳ моро нидо дод ва мо  чӣ нек посухдиҳандае будем!

76.

ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург раҳонидем.

77.

Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем.

78.

Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем.

79.

Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон!

80.

ҳаройна,
мо некӯкоронро чунин подош медиҳем.

81.

ҳаройна,
ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.

82.

Сипас дигаронро ғарқ сохтем.

83.

ҳаройна,
Иброҳим аз пайравони ӯ буд.

84.

Он гоҳ ки бо диле холӣ аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард.

85.

Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чиро мепарастед?

86.

Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед?

87.

Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?»

88.

Нигоҳе ба ситорагон кард

89.

ва гуфт: «ҳаройна,
ман беморам (яъне, рӯҳам аз ин куфру ширк бемор аст)!

90.

Аз ӯ  рӯй гардониданд ва бозгаштанд.

91.

Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред?

92.

Чаро сухан намегӯед?»

93.

Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад (бо қувват ва қудрати
бештар бар онҳо зад).

94.

Қавмаш шитобон наздаш омаданд.

95.

Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед?

96.

Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст».

97.

Гуфтанд: «Барояш биное созед ва дар оташаш андозед».

98.

Хостанд, то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст гардонидем.

99.

Гуфт: «ҳаройна,
ман  ба сӯи Парвардигорам меравам, ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард.

100.

Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!»

101.

Пас, ӯро ба писаре бурдбор мужда додем.

102.

Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор бипардозанд, гуфт: «Эй
писаракам, ҳаройна, дар хоб дидаам, ки туро, бе шубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки
чӣ меандешӣ» Гуфт «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ  амал кун, ки агар Худо
бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».

103.

Чун ҳарду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид,

104.

Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим,

105.

хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ». Ва мо, ҳаройна, некӯкоронро чунин
подош медиҳем.

106.

Албатта, ин озмоише ошкор буд.

107.

Ва ӯро бо забҳе бузург бозхаридем.

108.

Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.

109.

Салом бар Иброҳим!

110.

Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!

111.

ҳаройна,
ӯ аз бандагони мӯъмини  Мо буд.

112.

ӯро ба Исҳоқ,  паёмбаре шоиста мужда додем.

113.

ӯ ва  Исҳоқро баракат додем ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор
ҳастанд ва баъзе ошкоро бар худ ситамкор.

114.

Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем.

115.

Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем.

116.

Ононро ёрӣ додем, то  пирӯз шуданд.

117.

Ва китобе равшангарашон додем.

118.

Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем.

119.

Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.

120.

Салом бар  Мӯсо ва Ҳорун!

121.

ҳаройна,
Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!

122.

ҳаройна,
он ду аз бандагони мӯъмини  Мо буданд.

123.

Ва ҳаройна, Илёс аз паёмбарон буд.

124.

Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?

125.

Оё Баълро (номи бут) ба худоӣ мехонед ва он беҳтарини
офаринандагонро тарк мекунед?

126.

Аллоҳро, ки  Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгонатон аст».

127.

Пас, дурӯғгӯяш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд,

128.

магар бандагони мухлиси Худо!»

129.

Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштем.

130.

Салом бар хонадони Илёс!

131.

ҳаройна,
Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем!

132.

ҳаройна,
ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.

133.

Ва  ҳаройна, Лут аз паёмбарон буд.

134.

ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем.

135.

Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд.

136.

Сипас дигаронро ҳалок кардем.

137.

Шумо бар онҳо мегузаред бомдодон.

138.

Ва шомгоҳон. Оё оқилона намеандешед?

139.

Ва ҳаройна, Юнус аз паёмбарон буд.

140.

Чун ба он  киштии пур аз мардум гурехт,

141.

қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд.

142.

Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд.

143.

Албатта,  агар   аз тасбеҳгӯён намебуд,

144.

то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд.

145.

Пас, ӯро, (дар ҳоле), ки бемор буд, ба хушкӣ (замини бегиёҳ)
афкандем.

146.

Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем (то дар сояи он
биёромад).

147.

Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва ё бештар фиристодем.

148.

Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдориашон додем.

149.

Аз онҳо бипурс  духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон
аз они онҳо?»

150.

Оё вақте, ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд?

151.

Огоҳ бош, ки ҳаройна, аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд:

152.

«Худо соҳиби фарзанд аст».
ҳ
аройна, дурӯғ мегӯянд.

153.

Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод?

154.

Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед?

155.

Оё намеандешед?

156.

Ё бар даъвои худ далели равшане доред?

157.

Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред.

158.

Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён
медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд.

159.

Аз он васф, ки меоваранд (мушрикон), Худо пок аст,

160.

магар бандагони мухлиси Худо (ки дар ҷаҳаннам ҷамъ оварда
намешаванд)!

161.

Албатта, шумо ва бутоне, ки мепарастед,

162.

натавонистед гумроҳ кунед,

163.

магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад.

164.

«Ва ҳар касе аз мо ҷое мӯъайян дорад.

165.

Албатта, мо сафзадагонем.

166.

Ва албатта, мо тасбеҳгӯяндагонем».

167.

Агарчи мегуфтанд:

168.

«Албатта, агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд,

169.

ҳаройна, мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем».

170.

Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зудӣ, ки хоҳанд фаҳмид.

171.

Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш
тасмим гирифтаем,

172.

ки албатта,  онон ёрӣ мешаванд.

173.

Ва ҳаройна, лашкари Мо, онҳо, ҳатман, ғолибанд.

174.

Пас, то муддате аз онҳо рӯй бигардон.

175.

Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид.

176.

Оё азоби Моро ба шитоб металабанд?

177.

Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде
хоҳанд дошт.

178.

Аз онҳо то чанде рӯй бигардон.

179.

Пас, оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид.

180.

Муназзаҳ (пок аст) аст  Парвардигори ту он Парвардигори
пирӯзманд  аз ҳар чӣ ба васфи ӯ мегӯянд!

181.

Ва салом бар паёмбарон!

182.

Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст!