31. СУРАИ ЛУҚМОН

1.

Алиф, лом, мим.

2.

Инҳо оятҳои китоби ҳикматомез аст.

3.

Некӯкоронро ҳидояту раҳматест:

4.

онон, ки намоз мегузоранду закот медиҳанд ва ба охират яқин
доранд.

5.

Инҳо аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо
наҷотёфтагонанд.

6.

Баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд,
то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва онро (оятҳои
Қуръонро) ба масхара мегиранд. Насиби инҳо азобест хоркунанда.

7.

Ва чун оёти Мо бар онҳо хонда шавад, бо худписандӣ рӯй
баргардонанд, чунонки  гӯӣ нашунидаанд. Ё монанди касе, ки гӯшҳояшон вазнин шуда
бошад. ӯро ба азобе дардовар мужда деҳ!

8.

Насиби онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд,
ҳатман,  боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.

9.

Дар он ҷо ҷовидонаанд, ваъдаи Худо рост аст. ӯ пирӯзманду ҳаким
аст!

10.

Осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки бубинед, биёфарид ва бар рӯи замин
кӯҳҳоро бияфканд, то наларзонадатон ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда
кард. Ва аз осмон об фурӯд овардем ва дар замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем.

11.

Ин офариниши Худост. Пас, ба Ман нишон диҳед онҳо, ки ғайри ӯ
ҳастанд, чӣ офаридаанд. Балки золимон дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.

12.

Албатта, ба Луқмон ҳикмат додему гуфтем: «Худоро сипос гӯй, зеро
ҳар кӣ сипос гӯяд, албатта, ба суди худ сипос гуфта ва ҳар кӣ носипосӣ кунад,
ҳаройна, Худо бениёзу сутуданист!»

13.

Ва (ёдовар шав) он гоҳ, ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд
медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, ҳар- ойна,  ширк ситамест
бузург.

14.

Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем.  Модараш ба ӯ
ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва
супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки  саранҷоми ту назди
ман аст.

15.

Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист,
бо Ман ширк гардонӣ, итоъаташон макун. Дар дунё бо онҳо ба тариқе писандида
зиндагӣ кун ва худ роҳи касеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир.
Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам.

16.

Эй писараки ман! «Агар амал ба қадри як донаи хардал дар даруни
харсанге ё дар осмонҳо ё дар замин бошад, Худо, ҳатман, ба ҳисобаш меоварад, ки
ҳаройна, ӯ  заррабину огоҳ аст!

17.

Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар
кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин албатта, аз корҳоест, ки бояд
дар он азмро ҷазм кунӣ (субот варзӣ).

18.

Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва худписандона бар замин роҳ
марав, ҳаройна, Худо ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст надорад.

19.

Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, (паст
кун) зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст.

20.

Оё надидаед, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст,
ҳаройна,  роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чи ошкору чи пинҳон ба тамомӣ
бар шумо арзонӣ дошта? Ва баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише ё роҳнамоеву китоби
равшане дар бораи Худо ҷидол мекунанд.

21.

Ва чун онҳо бигӯянд: « Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ
кунед», гӯянд: « На, мо аз ойине, ки падарони худро бар он ёфтем, пайравӣ
мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон фаро хонда бошад.

22.

Ҳар кӣ рӯи хеш ба Худо кунад ва некӯкор бошад, албатта, ба
дастгираи устуворе чанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Худост!

23.

Он кас, ки кофир шудааст, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашташон
назди Мост. Пас, ба корҳое, ки кардаанд, огоҳашон мекунем.
ҳаройна, Худо ба он чӣ дар дилҳо
мегузарад, доно аст!

24.

Андаке комёбашон месозем,сипас ба бечорагӣ ба азоби сахташон
мекашонем.

25.

Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чи касе осмонҳову заминро офаридааст?»
ҳатман, хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ:
«Сипос Худоро!» Балки бештарашон намедонанд!

26.

Аз они Худост он чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳаройна, Худо
бениёзу сутуданист!

27.

Ва агар ҳамаи  дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва дарё ранг ва
ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад. Ва  албатта,
Худо пирӯзманду ҳаким аст!

28.

Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон танҳо монанди зинда
кардани як тан аст. Албатта, Худо шунавову биност!

29.

Оё надидаӣ, ки Худо аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз
мекоҳаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром сохт, ки ҳар як то замоне муъайян
дар ҳаракат аст? Ва албатта, Худо ба корҳое, ки мекунед,огоҳ аст!

30.

Ин ба он сабаб аст, ки Худои якто ҳақ аст ва  ҳар чӣ ба ҷуз ӯ
мехонанд, ҳаройна, ботил аст ва албатта, Худост  баландмартабаву бузургвор.

31.

Оё надидаӣ, ки киштӣ  ба неъмати Худо дар дарё равон мешавад, то
Худо баъзе аз оёти қудрати худро ба шумо бинамоёнад?
ҳаройна, дар ин барои мардуми
сабркунандаи сипосгузор ибратҳост!

32.

Ва чун мавҷҳои азим  монанди абрҳо онҳоро пӯшонад, Худоро аз рӯи
ихлос дар дин бихонанд.  Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, баъзе ба аҳди
хеш вафо кунанд. Ва ҷуз ғаддорони (нобакорон) кофири неъмат, оёти Моро  инкор
накунанд.

33.

Эй мардум, аз Парвардигоратон  битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре
ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад,
битарсед. Ваъдаи Худо,  албатта, ҳақ аст. Зиндагии дунё фиребатон надиҳад ва низ
шайтони фиребкор (васваса мекунад, ки Худо ҳар навъ гуноҳро мебахшад) ба карами
Худо фиребатон насозад.

34.

Албатта, Худост, ки медонад, ки қиёмат чӣ вақт меояд. ӯст, ки
борон  меборонад ва аз он чӣ дар шикамҳои занҳои ҳомила аст, огоҳ аст. Ва ҳеҷ
кас намедонад, ки фардо чӣ чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар
кадом замин хоҳад мурд. ҳаройна,
Худо донову огоҳ аст!