27. Сураи НАМЛ

1.

То, син. Ин аст
оёти Қуръон ва китоби равшангар.

2.

Раҳнамун ва
хушхабарест барои мӯъминон:

3.

Онон, ки намоз
мегузоранд ва закот медиҳанд ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд.

4.


Аъмоли онҳоеро, ки ба охират имон надоранд, дар назарашон
биёростем. Аз ин рӯ, саргашта мондаанд.

5.


Онҳо ҳамон касонанд, ки азоби сахт аз они онҳост ва дар охират
зиёнкортаранд.

6.


Ту касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Худои ҳакиму доно ба ту нозил
мешавад.

7.


Мӯсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки
аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед».

8.


Чун ба оташ расид, нидояш доданд, ки баракат дода шуда он, ки
даруни оташ аст (мурод фариштагон аст) ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст
Худои якто, он Парвардигори ҷаҳониён!

9.


«Эй Мӯсо, Ман Худои пирӯзманди ҳаким ҳастам.

10.


Асоятро бияфкан!» Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон
бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, матарс.
ҳаройна, паёмбарон набояд, ки дар
назди ман битарсанд,

11.


магар касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас аз бадкорӣ некӯкор
шавад. Пас, ҳаройна, Ман
омурзандаву меҳрубонам!

12.


Дастатро дар гиребон бибар, то бе ҳеҷ осебе сафед берун ояд. Бо
нӯҳ нишона назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки мардуме исёнгаранд».

13.


Чун нишонаҳои равшангари Моро диданд, гуфтанд: « Ин ҷодуе ошкор
аст!»

14.


Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму
бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад!

15.


Мо ба Довуду Сулаймон  дониш додем. Гуфтанд: «Сипос аз они Худо
аст, ки моро  бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»

16.


Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум, ба мо забони
мурғон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате арзонӣ доштанд. Ва ин иноятест ошкор!»

17.


Сипоҳиёни Сулаймон аз ҷинну одамӣ ва парранда гирд омаданд ва
онҳо  саф ороста рафтанд,

18.


то ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: « Эй мӯрчагон, ба
лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо бехабар помол накунанд».

19.


Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: « Эй Парвардигори ман,
маро водор, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ
доштаӣ,  ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба
раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»

20.


Дар миёни мурғон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам.
Ё аз ғоибшудагон аст?

21.


ҳ
атман,
Ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, магар он, ки барои ман
далеле равшан биёварад».

22.


Дер карданаш ба дарозо накашид. Биёмаду гуфт: «Ба чизе даст
ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз Сабо бароят хабаре дуруст овардаам.

23.


Занеро ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Ва аз ҳар неъмате
бархурдор аст ва тахте бузург дорад.

24.


Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда
мекунанд. Ва шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо
гумроҳашон кардааст, чунонки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.

25.


Чаро Худоеро, ки ниҳони осмонҳову заминро ошкор мекунад ва
ҳарчиро пинҳон медоред ё ошкор месозед,  медонад, саҷда накунанд?

26.


Худои якто, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Парвардигори
а
рши азим».

27.


Гуфт (Сулаймон): «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори
дурӯғгӯёнӣ.

28.


Ин номаи маро бибар ва бар онҳо афкан, сипас  як сӯ шав ва
бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд»,

29.


Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман афканда шуд.

30.


Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи
меҳрубон».

31.


«Бар ман бартарӣ маҷӯед ва ба таслим назди ман биёед».

32.


Зан гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки то шумо
ҳозир набошед, ман ҳеҷ кореро ҳал натавонам кард».

33.


Гуфтанд: «Мо қудратмандон ва соҳибони набарди сахт ҳастем. Корҳо
ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ».

34.


Зан гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, вайронаш мекунанд ва
азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд.

35.


Ман, ҳатман, ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки қосидон
чӣ ҷавоб меоваранд».

36.


Чун қосид назди  Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол
маро ёрӣ кунед? Он чӣ Худо ба ман дода, аз он чӣ  ба шумо дода беҳтар аст.
Балки,  шумо ба ҳадяи хеш шодмон ҳастед.

37.


Акнун ба наздашон бозгард. Сипоҳе ба сарашон мекашем, ки ҳаргиз
тоқати онро надошта бошанд. Ва  хору зор аз он ҷо берунашон мекунем».

38.


Гуфт: « Эй бузургон, кадом аз шумо  тахти ӯро пеш аз он, ки ба
таслим назди ман  ояд, бароям меоваред?»

39.


Ифрите аз миёни ҷинҳо гуфт: « Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ,
онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман  бар ин кор ҳам  тавонояму ҳам амин».

40.


Ва он кас, ки аз илми китоб баҳрае дошт, гуфт: « Албатта, ман,
пеш аз он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Чун онро
назди худ дид, гуфт:  « Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки
сипосгузорам ё кофири неъмат. Пас ҳар кӣ  сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар
кӣ  ношукрӣ кунад, ҳаройна, Парвардигори ман бениёзу карим аст».

41.


Гуфт: тахташро дигаргун кунед, бубинем онро мешиносад ё аз
онҳост, ки  бознатавонанд шинохт».

42.


Чун омад, гуфтандаш: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ҳамон
аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ва таслим будаем»

43.


Ва ӯро аз ҳар чӣ ба ҷуз Худои якто мепарастид, боздошт. Зеро ӯ
дар зумраи кофирон буд.

44.


Гуфтанд (ба Билқис): «Ба саҳни қаср дарой!» Чун бидидаш, пиндошт,
ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Саҳнаест соф аз
шиша»6. Гуфт: «Эй
Парвардигори ман, ҳаройна, ман ба хештан ситам кардаам ва инак, бо Сулаймон дар
баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».

45.


Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Худои якторо
бипарастед. Ногаҳон ду гурӯҳ шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.

46.


Гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед? Чаро
аз Худо омурзиш намехоҳед? Шояд бар  шумо раҳмат оварад».

47.


Гуфтанд: « Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Гуфт:
«Ҷазои шумо назди Худост. Инак, мардуме фиребхӯрда ҳастед!»

48.


Дар шаҳр нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод
мекарданд, на ислоҳ.

49.


Гуфтанд: « Ба Худо савганд  хӯред, ки бар ӯ ва касонаш шабохун
занем. Ва чун касе бар талаби хунаш бархезад, бигӯем: « Мо ба ҳангоми  ҳалокати
касони  он ҷо набудем ва мо ростгуфторем».

50.


Ва ғофил буданд, ки агар онҳо  ҳилае андешидаанд, мо низ чорае
андешидаем.

51.


Бингар, ки оқибати макрашон чӣ шуд:
ҳаройна, Мо онҳо ва қавмашонро ба
тамомӣ ҳалок кардем.

52.


Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, ки  мекарданд, холӣ (аз
сокинонаш) мондааст. ҳаройна, дар он  доноёнро ибратест.

53.


Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва  парҳезгор буданд, наҷот додем.

54.


Ва Лутро (ба ёд ор). Он гоҳ, ки ба қавми  худ гуфт: «Корҳои зишт
мекунед, дар ҳоле, ки худ ба зиштии он огоҳед?

55.


Чаро аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба  мардон мегироед? Шумо мардуме
нодон ҳастед!»

56.


Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: « Хонадони Лутро аз шаҳри худ
берун кунед. Онон даъвои покӣ мекунанд».

57.


ӯ ва касонаш, ҷуз занашро, наҷот додем. Чунон хостем, ки он зан
аз  бозмондагон бошад.

58.


Бороне бар онҳо боронидем ва борони  таҳдидшудагон чӣ бад
боронест!

59.


Бигӯ: « Сипос  Аллоҳро ва салом бар  бандагони интихоб кардаи ӯ.
Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳо, ки шарики ӯ  қарор медиҳанд?

60.


Ё кист он, ки осмонҳову заминро офарид  ва аз  осмон бароятон об
фиристод ва бо он  бӯстонҳое хушманзар рӯёнидем, ки шуморо тавони рӯёнидани
дарахте аз он нест. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? На, онҳо мардуме ҳастанд аз
ҳақ каҷрав!

61.


Ё кист он,  ки заминро оромгоҳ сохт ва дар он рӯдҳо падид оварду
кӯҳҳо ва миёни ду баҳр монеъае қарор дод. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Худо? На,
бештаринашон намедонанд!

62.


Ё кист  он, ки дармондаро чун бихонадаш, посух медиҳад ва ранҷ аз
ӯ дур мекунад ва шуморо дар  замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё маъбуди дигаре
ҳаст бо Худо? Чӣ андак панд мегиред!

63.


Ё кист он, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва
он кӣ пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда  мефиристад. Оё маъбуди дигаре
ҳаст бо Худо? Аллоҳ бартар аст аз ҳар чӣ  шарики ӯ месозанд!

64.


Ё кист он, ки  махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад
ва он, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё  маъбуди дигаре ҳаст бо Худо?
Бигӯ: « Агар рост мегӯед: далели хеш  биёваред!»

65.


Бигӯ: «Ҳеҷ кас  дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар
Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»

66.


Дар боби охират ба яқин расиданд? На, ҳамчунон дар шак ҳастанд,
ки мардуме нобиноянд.

67.


Кофирон гуфтанд: «Чӣ гуна агар мову падаронамон хок шудем, моро
аз қабр берун меоваранд?

68.


Ба мо  ва падаронамон ҳам пеш  аз ин  чунин ваъдае дода буданд.
Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест»

69.


Бигӯ: « Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори
гунаҳгорон чӣ гуна будааст!»

70.


Барояшон андӯҳгин мабош ва аз  ҳилае, ки меандешиданд, тангдил
машав.

71.


Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, он ваъдаи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

72.


Бигӯ: «Шояд баъзе аз он чӣ ба шитоб металабед, наздики шумо
бошад».

73.


Ва Парвардигори ту фазли худро бар мардум арзонӣ медорад, вале
бештаринашон шукр намегӯянд!

74.


Ва ҳаройна, Парвардигори ту  медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон
кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!

75.


Ва дар  осмонҳову замин ҳеҷ розе нест, магар он, ки дар китоби
мубин омадааст

76.


ҳ
аройна,
ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки бани Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон
ҳикоят мекунад

77.


Ва барои  мӯъминон, албатта,  ҳидояту раҳмат аст.

78.


Албатта, Парвардигори ту ба  раъйи хеш миёнашон ҳукм хоҳад кард,
ки  ӯ пирӯзманду доност!

79.


Пас ба Худо  таваккул кун, ки бе шак, ту ҳамроҳ ба ҳақиқате
равшан ҳастӣ!

80.


ҳ
аройна,
ту наметавонӣ  мурдагонро шунаво созӣ ва овози худро ба гӯши кароне, ки аз ту
рӯй мегардонанд, бирасонӣ.

81.


Ту наметавонӣ  кӯронро аз гумроҳияшон роҳ намоӣ. Овози худро
танҳо ба гӯши касоне тавонӣ расонд, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва мусалмон
ҳастанд.

82.


Чун фармони (вуқӯъи) қиёмат муқаррар гардад, барояшон ҷунбандае
аз замин берун меоварем, ки  бо онон сухан бигӯяд, ки он мардум, ҳаройна, ба
оёти Мо яқин намеоваранд.

83.


Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти  Моро дурӯғ
мебароварданд, гирд меоварем ва ононро ба саф биронанд,

84.


то чун ба маҳшар бирасанд гӯянд: «Оё шумо оёти  Моро дурӯғ
мебаровардед  ва  ҳол он, ки  дониши шумо ба он иҳота наёфта буд? Он чӣ коре
буд,  ки мекардед?»

85.


Ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, ҳукми азоб бар онҳо муқаррар
шавад, бе он ки сухане бигӯянд.

86.


Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биороманд ва
рӯзро равшанӣ бахшидем. Албатта, дар ин барои мӯъминон ибратҳост.

87.


Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи  касоне, ки дар осмонҳову
замин ҳастанд, магар он ки Худо бихоҳад, битарсанд ва ҳама хору залил ба сӯи ӯ
равон шаванд.

88.


Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр
мераванд. Кори Худованд аст, ки ҳар чизеро ба камол падид овардааст. Албатта, ӯ
ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст.

89.


Ҳар кас, ки кори неке кунад (чун имон ба Худо ва ихлос дар
тоъат), беҳтар аз онро мукофот гирад (ки ризо ва хушнудии
парвардигор аст) ва некӯкорон аз
ваҳшати он рӯз (ки қиёмат фаро мерасад ва тарсу хавф мардумро фаро мегирад) дар
амон бошанд (ва ғаму андӯҳ ва нигарониҳо аз онҳо дур бошад).

90.


Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд (чун ширк ва маъсият), сарнагун
дар оташ андозанд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки  кардаед ҷазо ёбед?

91.


ҳ
аройна,
ба ман фармон шуда, ки танҳо ва танҳо, Парвардигори ин шаҳрро (Маккаро)
бипарастам. Шаҳреро, ки Худованде, ки ҳама чиз аз они ӯст, ҳурматаш ниҳода (ва
онро ҳарами амн ва амон сохтааст ва дар он куштани инсоне ё зулм ба касе ва ё
забҳи ҳайвон ва ҷонвари паноҳанда ба он ё кандани гиёҳу дарахти он ҳаром ҳукм
гардидааст, аммо тасаввур нашавад, ки танҳо ҳамин сарзамин мулки Худо аст, балки
дар олами ҳастӣ ҳама чиз аз они


ӯ
ст)
ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам,

92.


ва (амр шудаам) ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар кӣ  ҳидоят
ёфт, ба суди худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ «ҳаройна, ман аз бимдиҳандагон  ҳастам».

93.


Ва бигӯ: «Сипос  Худорост. Оёти
худро ба шумо хоҳад намуд, то
онҳоро бишносед. Ва Парвардигори ту аз ҳар коре, ки мекунед, бехабар нест».