1. |
То, син, мим. |
2. |
Инҳост оёти ин китоби равшангар. |
3. |
Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ. |
4. |
Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте нозил мекунем, ки дар |
5. |
Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Худои Раҳмон нозил намешавад, ҷуз он |
6. |
Пас дурӯғаш бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш |
7. |
Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ |
8. |
Дар ин ибратест, вале бештаринашон мӯъмин набудаанд. |
9. |
Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
10. |
Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми |
11. |
қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд? |
12. |
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд. |
13. |
Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро |
14. |
Ва бар ман гуноҳе даъво доранд, метарсам, ки маро бикушанд». |
15. |
Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳарду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо |
16. |
Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори |
17. |
ки бани Исроилро бо мо бифиристӣ» |
18. |
Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту |
19. |
Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту кофири неъматӣ». |
20. |
Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам. |
21. |
Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман |
22. |
Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки бани Исроилро |
23. |
Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?» |
24. |
Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва |
25. |
Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?» |
26. |
Гуфт: «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумо», |
27. |
Фиръавн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона |
28. |
Гуфт: «ӯст Парвардигори Машриқу Мағриб ва ҳар чӣ миёни он ду аст, |
29. |
Фиръавн гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба худоӣ гирӣ, ба |
30. |
Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?» |
31. |
Гуфт: «Агар рост мегӯӣ, биёвар». |
32. |
Асояшро андохт. Ба ошкоро аждаҳое шуд. |
33. |
Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд. |
34. |
Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугари |
35. |
Мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй |
36. |
Гуфтанд: «Аз ӯ ва аз бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо |
37. |
то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд». |
38. |
Ҷодугаронро дар рӯзе муайян ба ваъдагоҳ оварданд. |
39. |
Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ гирд меоед? |
40. |
То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама аз онҳо пайравӣ кунем!» |
41. |
Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз |
42. |
Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд». |
43. |
Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, бияфканед!» |
44. |
Онон ресмонҳову чӯбҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати |
45. |
Ва Мӯсо асояшро афканд. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта |
46. |
Ҷодугарон ба саҷда афтоданд. |
47. |
Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, |
48. |
Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!» |
49. |
Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? |
50. |
Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем. |
51. |
Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо |
52. |
Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, |
53. |
Ва Фиръавн гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод. |
54. |
ҳаройна, |
55. |
ва моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд |
56. |
ҳаройна, ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем. |
57. |
Пас онҳоро аз боғҳову чашмасорҳо берун кардем |
58. |
ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ, |
59. |
ба ин сон ҳамаро ба бани Исроил вогузоштем. |
60. |
Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд. |
61. |
Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «ҳаройна, |
62. |
Гуфт: «ҳаргиз, |
63. |
Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам |
64. |
Ва он гурӯҳи дигарро низ ба баҳр расонидем. |
65. |
Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро раҳонидем. |
66. |
Ва он дигарро ғарқ сохтем. |
67. |
Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд! |
68. |
Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст! |
69. |
Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун! |
70. |
Он гоҳ, ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?» |
71. |
Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем». |
72. |
Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд? |
73. |
Ё барои шумо суду зиёне доранд?» |
74. |
Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд». |
75. |
Гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед |
76. |
шумо ва ниёгонатон? |
77. |
Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст. |
78. |
Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад |
79. |
ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро сероб месозад |
80. |
ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад |
81. |
ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад |
82. |
ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд. |
83. |
Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон |
84. |
Ва зикри ҷамили маро дар даҳони ояндагон андоз |
85. |
ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ |
86. |
ва падарамро биёмурз, ки аз гумроҳон аст |
87. |
ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз, |
88. |
рӯзе, ки на мол суд медиҳад ва на фарзандон, |
89. |
магар он кас, ки бо қалбе раста аз ширк ба назди Худо биёяд!» |
90. |
Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон наздик оранд. |
91. |
Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд. |
92. |
Ба онҳо гӯянд: «Чизҳое, ки мепарастидед (ғайри Аллоҳ), куҷоянд? |
93. |
(Маъбудҳое), ғайр аз Худо оё ёриатон мекунанд (дар баробари азоби |
94. |
Онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд |
95. |
Ва ҳамаи лашкари Иблисро. |
96. |
Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ба низоъ пардохтаанд, |
97. |
«Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем, |
98. |
он гоҳ, ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем. |
99. |
Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд |
100. |
ва акнун моро шафеъоне нест |
101. |
ва моро дӯсти меҳрубоне нест. |
102. |
Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем». |
103. |
Ба таҳқиқ, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
104. |
Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
105. |
Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. |
106. |
Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ |
107. |
Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам. |
108. |
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. |
109. |
Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди |
110. |
Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!» |
111. |
Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу |
112. |
Гуфт: «дониши ман |
113. |
Агар мефаҳмед, ҳисобашон танҳо бо Парвардигори ман аст. |
114. |
Ва ман мӯъминонро дур намекунам. |
115. |
Бимдиҳандае ошкор ҳастам». |
116. |
Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ». |
117. |
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд. |
118. |
Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро |
119. |
ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем. |
120. |
Ва боқиро ғарқ кардем. |
121. |
Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
122. |
Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
123. |
Қавми Од паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. |
124. |
Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед? |
125. |
ҳаройна, |
126. |
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. |
127. |
Ман аз барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар |
128. |
Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ бурҷе месозед? |
129. |
Ва ба ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрҳое бино мекунед? |
130. |
Ва чун интиқом гиред, бераҳмона интиқом мегиред? |
131. |
Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед. |
132. |
Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато |
133. |
Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст |
134. |
ва боғҳову чашмасорон. |
135. |
Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо бимнокам». |
136. |
Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ. |
137. |
Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест. |
138. |
Ва мо азоб нахоҳем шуд». |
139. |
Пас дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар |
140. |
Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
141. |
Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. |
142. |
Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед? |
143. |
ҳаройна, |
144. |
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
145. |
Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман |
146. |
Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд? |
147. |
Дар боғҳову чашмасорҳо? |
148. |
Ва киштзорҳову нахлҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф? |
149. |
Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед? |
150. |
Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
151. |
Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред, |
152. |
Инҳо, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд» |
153. |
Гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. |
154. |
Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае |
155. |
Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва |
156. |
Ба он осебе марасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд». |
157. |
Онро куштанд ва пушаймон шуданд. |
158. |
Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ибратест ва |
159. |
Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
160. |
Қавми Лут паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. |
161. |
Он гоҳ, бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед? |
162. |
ҳаройна, |
163. |
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
164. |
Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо |
165. |
Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед? |
166. |
Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон офаридааст, тарк мегӯед? |
167. |
Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат |
168. |
Гуфт: «ҳаройна, ман |
169. |
Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки |
170. |
ӯ ва ҳамаи касонашро раҳонидем, |
171. |
ғайри пиразане, ки хост бимонад. |
172. |
Сипас дигаронро ҳалок кардем, |
173. |
Бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон! |
174. |
Ҳаройна, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
175. |
Ҳаройна, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст! |
176. |
Мардуми Айка паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. |
177. |
Он гоҳ, ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед? |
178. |
ҳаройна, |
179. |
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед! |
180. |
Ман аз шумо барои ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо |
181. |
Паймонаро тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед. |
182. |
Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. |
183. |
Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед. |
184. |
Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, |
185. |
Гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд. |
186. |
Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ. |
187. |
Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз». |
188. |
Гуфт: «Парвардигори ман ба коре, ки мекунед, донотар аст». |
189. |
Пас дурӯғгӯяш бароварданд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ |
190. |
Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд. |
191. |
Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст. |
192. |
Ва ҳаройна, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён |
193. |
Онро Рӯҳуламин нозил кардааст. |
194. |
Бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ, |
195. |
ба забони арабии равшан. |
196. |
Ва ҳаройна, он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст. |
197. |
Оё ин нишона бар онҳо басанда нест,ки уламои бани Исроил аз он |
198. |
Агар онро бар яке аз аҷамиён ( ғайри арабҳо) нозил карда будем |
199. |
ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд. |
200. |
Ба ин сон Қуръонро дар дилҳои гунаҳгорон роҳ додем. |
201. |
Ба он имон намеоваранд, то азоби дардоварро бингаранд. |
202. |
Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд. |
203. |
Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?» |
204. |
Оё ба азоби мо мешитобанд? |
205. |
Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем, |
206. |
боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад. |
207. |
Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон суд накард? |
208. |
Мо ҳеҷ аҳли ободӣ ва шаҳреро ҳалок накардем, ҷуз он ки барояшон |
209. |
То пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем. |
210. |
Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд. |
211. |
Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд. |
212. |
ҳаройна, |
213. |
Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори |
214. |
Хешовандони наздикатро битарсон. |
215. |
Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, |
216. |
Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «ҳаройна, |
217. |
Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккул кун. |
218. |
Он, ки туро мебинад, он гоҳ бармехезӣ |
219. |
ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад. |
220. |
Албатта, ӯст шунавою доно! |
221. |
Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд? |
222. |
Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд. |
223. |
Гӯш фаро медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд. |
224. |
Ва гумроҳон аз паи шоъирон мераванд. |
225. |
Оё надидаӣ, ки шоъирон дар ҳар водие саргаштаанд? |
226. |
Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд? |
227. |
Магар онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро |