1. Сураи ФОТИҲА

1.

Ба номи Худои
бахшояндаи меҳрубон!

2.

Ситоиш Худоро,
ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

3.

Бахшояндаи
меҳрубон,

4.

Фармонравои рӯзи
ҷазо.

5.

Танҳо Туро
мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.

6.

Моро ба роҳи
рост ҳидоят кун:

7.

Роҳи касоне, ки
онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ
бар онҳо ва на гумроҳон.