17. Сураи ИСРО

1.

Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз Масҷиду-л-ҳаром ба Масҷиду-л-ақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, ӯ шунавову биност!

2.

Ва китобро (тавротро) ба Мӯсо додем ва онро (китобро) роҳнамои бани Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман корсозе интихоб накунед.

3.

Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон нишонидем (мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас Худоро дар муқобили неъматҳояш шукургузор бошед),    бидонед, кӣ ӯ (Нӯҳ) бандае сипосгузор буд.

4.

Ва бани Исроилро дар он китоб (таврот) хабар додем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва низ саркашӣ хоҳед кард, саркашӣ кардане бузург.

5.

Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба  анҷом расид.

6.

Бори дигар (чун ислоҳ шудед) шуморо бар онҳо ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад  кардем ва бар шумораатон афзудем.

7.

Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо (бо изову алам расонидан) ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид  даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.

8.

Шояд Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад, (агар аз гуноҳ тавба кунед). Ва агар бозгардед (ба гуноҳ кардан),  бозмегардем, (ба азоб карданатон дар ин ҷаҳон) ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.

9.

Ин Қуръон ба дурусттарини ойинҳо роҳ менамояд ва  мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд.

10.

Ва барои касоне, ки ба охират имон надоранд, азобе дардовар муҳайё кардаем.

11.

Ва одамӣ ба дуъо бадиеро металабад, чунон, ки гӯӣ ба дуъо  хайреро меҷӯяд. Ва одамӣ то буда, шитобзада будааст.

12.

Шабу рӯзро ду нишона қарор додем. Нишонаи  шабро торикӣ гардонидем ва аломати  рӯзро равшанӣ, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар дошта аст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.

13.

Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи кушода берун оварем, то дар он бингарад.

14.

(Гуем:)«Бихон номаатро (номаи аъмолатро). Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардан (амалҳоятро),  басандаӣ!»

15.

Ҳар кӣ ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ  гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро барнадорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем.

16.

Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, сарватмандони ғарқ дар шаҳавоташро амир ва сардор гардонем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, ва он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро (қарияро) дарҳам фурӯ кӯбем.

17.

Баъд аз Нӯҳ чӣ бисёр мардумеро ҳалок  кардаем. Ва Парвардигори ту, огоҳӣ ёфтан ва дидани гуноҳони бандагонашро кофист.

18.

Ҳар кас, ки хоҳони ин ҷаҳон бошад, ҳар чӣ бихоҳем ва ба ҳар кас ки салоҳ медонем, зудаш арзонӣ дорем, он гоҳ ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем, то сарзанишуда (аз тарафи Худо, фариштагон ва мардум) ва рондашуда (аз раҳмати Худо) ба он дарафтад.

19.

Ва ҳар кӣ хоҳони охират бошад ва дар талаби он саъй кунад ва мӯъмин бошад, ҷазои саъйаш дода хоҳад шуд.

20.

Ҳамаро: чи он гурӯҳро (ки охиратро талаб доранд) ва чи ин гурӯҳро (ки дунёро талаб доранд) аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигорат ҳаргиз (аз касе) мамнӯъ нагаштааст.

21.

Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо болотар аст.

22.

Бо Худои  барҳақ худои дигареро ба худоӣ магир, ки накӯҳидаву хор хоҳӣ монд.

23.

Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда  шаванд, ононро  маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй.

24.

Дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ боли хоксорӣ (киноя аз тавозуъи фаровон ва фурӯтании бисёр) фуруд овар ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар».

25.

Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ  дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, пас ӯ албатта тавбакунандагонро меомурзад.

26.

Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун.

27.

Исрофкорон ба шаётин бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш носипос буд.

28.

Ва агар ба интизори кушоише, ки аз ҷониби Парвардигорат умед дорӣ, аз онҳо рӯйгардонӣ мекунӣ, пас ба онҳо бо нармӣ сухан бигӯй.

29.

На дасти хеш аз рӯи хасисӣ  (бухл ва исроф) ба гардан бубанд ва на ба саховат якбора бикшой, ки дар ҳар ду ҳол маломатзадаву ҳасратхӯрда бинишинӣ.

30.

Парвардигори ту дар ризқи ҳар кас, ки бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад, зеро ӯ ба бандагонаш огоҳу биност!

31.

Фарзандони худро аз бими тангдастӣ макушед. Мо, ҳам шуморо рӯзӣ медиҳем ва ҳам онҳоро. Албатта куштани онҳо хатои бузургест.

32.

Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!

33.

Касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, макушед, магар бар ҳақ. Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, ба талабкунандаи хуни ӯ қудрате додаем, вале дар интиқом аз ҳад нагузарад, ки ӯ пирӯзманд аст.

34.

Ҷуз ба ваҷҳе некӯтар ба моли ятим наздик нашавед, то он гоҳ, ки ба ҳадди  балоғат бирасад. Ва ба аҳди хеш вафо кунед, ки (аз аҳд) бозхост хоҳед шуд.

35.

Чун чизеро (бо паймона) чен кунед, паймонаро комил гардонед ва бо тарозуи дуруст баркашед, ки ин беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст.

36.

Аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил, ҳамаро ба он бозхост кунанд.

37.

Ба худписандӣ бар замин роҳ марав, ки заминро нахоҳӣ шикофт ва ба баландии кӯҳҳо нахоҳӣ расид.

38.

Ҳамаи ин корҳо (ки Худованд наҳй кардааст) нописанд аст ва Парвардигори ту онҳоро нохуш дорад.

39.

Ин ҳикматест, ки Парвардигорат  ба ту ваҳй кардааст. Бо Худои барҳақ худои дигареро мапиндор, ки маломатшудаву рондашуда ба ҷаҳаннамат андозанд.

40.

Оё Парвардигоратон барои шумо писарон интихоб кард ва худ фариштагонро ба духтарӣ ихтиёр кард? Ҳаққо, ки суханест бузург (сухани бисёр зишт), ки бар забон меоваред.

41.

Мо суханони гуногун дар ин Қуръон овардем, то ин ки панд гиранд, вале ҷуз ба рамиданашон наяфзоянд.

42.

(Эй паёмбар ба мушрикон) Бигӯ: «Ҳамчунон, ки мегӯянд, агар бо ӯ маъбудони дигаре ҳам буданд, пас ба сӯи соҳиби арш роҳе ҷуста буданд».

43.

ӯ пок аст ва аз он чӣ дар борааш мегӯянд, бартару болотар аст.

44.

Ҳафт осмону замин ва ҳар чӣ дар онҳост, тасбеҳашро мегӯянд ва ҳеҷ чизе нест, магар  ки ӯро ба покӣ меситояд, вале шумо зикри тасбеҳашонро намефаҳмед. ӯ, бурдбор  ва омурзанда аст.

45.

Чун ту Қуръон бихонӣ, миёни туву онон, ки ба қиёмат имон намеоваранд, пардае ғафс қарор медиҳем.

46.

Ва бар дилҳошон парда афканем, то онро (қуръонро) дарнаёбанд ва гӯшҳошон сангин кунем. Ва чун Парвардигоратро дар қуръон ба ягонагӣ ёд кунӣ, бозмегарданду мераманд.

47.

Мо беҳтар медонем, ки чун ба ту гӯш медиҳанд, чаро гӯш медиҳанд ё вақте ки бо ҳам наҷво мекунанд, чӣ мегӯянд. Вақте ки золимони (куфрпеша) мегӯянд: «Шумо дар паи марди ҷодушудае ба роҳ афтодаед».

48.

Бингар, ки чӣ гуна барои ту масалҳо заданд. Гумроҳ шудаанд ва роҳ ба ҷое намебаранд.

49.

Гуфтанд: «Оё агар аз мо устухоне бимонаду хоке, боз ҳам бо офаринише нав, аз қабр бармехезем?»

50.

Бигӯ: «Санг бошед ё оҳан,

51.

ё махлуқе, ки дар хотиратон (аз ин ду ҳам сахттар) менамояд». Хоҳанд гуфт: «Чӣ касе моро бозмегардонад?» Бигӯ: «Он кас, ки бори нахуст шуморо офарид». Он гоҳ дар баробари ту (аз рӯи истеҳзо) сар меҷунбонанд ва мегӯянд: «Чӣ вақт?» Бигӯ: «Шояд, ки наздик бошад».

52.

Рӯзе, ки шуморо фаро мехонад ва шумо ситоишгӯён посух медиҳед ва мепиндоред (дар дунё), ки андаке орамидаед.

53.

Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин ваҷҳ сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмане ошкор аст!

54.

Парвардигоратон ба шумо огоҳтар аст. Агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ва агар бихоҳад, азобатон мекунад ва мо туро муҳофизи (имон овардани) онҳо (ва муроқиби аҳволи онон) нафиристодаем.

55.

Ва Парвардигори ту ба касе, ки  дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе  аз паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодем ва ба Довуд Забурро додем.

56.

Бигӯ: «Онҳоеро, ки ҷуз Худои барҳақ (маъбуд) мепиндоред, бихонед. Наметавонанд балоро аз шумо дур созанд ё онро насиби дигарон кунанд!»

57.

Онҳоеро, ки кофирон ба худоӣ мехонанд, дар садади онанд, ки худ ба даргоҳи Парвардигорашон василае биёбанд ва муқаррабтар шаванд ва ба раҳмати ӯ умед мебанданд ва аз азоби ӯ метарсанд, зеро азоби Парвардигорат тарснок аст!

58.

Ҳеҷ қарияе набошад, магар ин ки мо пеш  аз фаро расидани рӯзи қиёмат ҳалокаш мекунем ё ба азобе сахт гирифтораш месозем. Ва ин дар он китоб (лавҳи маҳфуз) навишта шудааст.

59.

Моро аз нузули мӯъҷизот бознадошт, магар ин ки пешиниён (пас аз мушоҳида) дурӯғаш мепиндоштанд . Ба қавми  Самӯд ба унвони мӯъҷизае равшан модашутурро додем. Бар он ситам  карданд ва Мо ин мӯъҷизотро ҷуз барои тарсонидан намефиристем.

60.

Ва (ба ёд ор) он гоҳ ки туро гуфтем: «Парвардигорат бар ҳамаи мардум иҳота (огоҳии комил) дорад». Ва он дидореро, ки (дар шаби меъроҷ) барои ту муяссар кардем ва достони дарахти малъун, ки  дар Қуръон омадааст, чизе ҷуз озмоиши мардум набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо ба куфру саркашияшон афзуда мешавад.

61.

Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳамагон ҷуз Иблис саҷда карданд. Гуфт: «Оё барои касе, ки аз гил офаридаӣ, саҷда кунам?»

62.

Ва (шайтон) гуфт: «Ба ман бигӯй, чаро инро бар ман бартарӣ ниҳодаӣ? Агар маро то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, фарзандони ӯро ҷуз андакеашон, (ба гумроҳи кашонида) реша канам» (ва нобудашон созам).

63.

(Худованд) Гуфт: «Бирав, ҷазои ту ва ҳар кас, ки пайрави ту гардад, ҷаҳаннам аст, ки ҷазое комил аст!»

64.

Бо фарёди хеш ҳар киро тавонӣ, аз ҷой барангез ва бо ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд бо онон ширкат ҷӯй ва ба онҳо ваъда бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаашон надиҳад!

65.

Туро бар бандагони Ман ҳеҷ ғолибияте набошад ва Парвардигори ту барои нигаҳбониашон кофист!»

66.

Парвардигори шумост, ки киштиро дар баҳр меронад, то аз фазли ӯ рӯзии худ ба даст оред. Зеро бо шумо меҳрубон аст.

67.

Чун дар дарё шуморо озоре расад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон маҳв шаванд, ғайри ӯ. Ва чун шуморо ба соҳили наҷот бирасонад, аз ӯ рӯй мегардонед, зеро одамӣ носипос аст!

68.

Оё эмин ҳастед  аз ин, ки ногаҳон  шуморо дар гӯшае аз замин фурӯ барад, ё тундбоде регбор бар шумо биянгезад ва барои худ ҳеҷ нигаҳбоне наёбед?

69.

Ё эмин ҳастед аз ин, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфоне саҳмноку киштишикан  бар шумо бифиристад ва ба хотири куфроне (ношукргузорие), ки варзидаед ғарқатон созад ва касеро, ки моро аз корамон бозхост кунад, наёбед?

70.

Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва бар баҳру хушкӣ (бар савориҳои гуногун) савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза  рӯзӣ додем ва бар  бисёре аз махлуқоти хеш бартариашон ниҳодем.

71.

Рӯзе, ки ҳар гурӯҳе аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи (аъмоли) ҳар кӣ ба дасти росташ дода шавад, чун бихонад, бинад, ки ба андозаи риштаи борике, ки даруни донаи хурмост (киноя аз чизи кам), ба ӯ ситам нашудааст.

72.

Ва ҳар кӣ дар ин дунё нобино (курдил ва гумроҳ) бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.

73.

Наздик буд туро аз он чӣ бар ту ваҳй карда будем, бероҳа созанд, то чизи дигаре ҷуз онро (ҳукми қуръонро) ба дурӯғ ба мо нисбат кунӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд.

74.

Ва агар на он буд, ки пойдорият дода будем, наздик буд, ки андаке ба онон майл кунӣ.

75.

Он гоҳ туро дучандон дар дунё ва дучандон дар охират азоб мекардем ва барои худ дар баробари Мо ёваре намеёфтӣ.

76.

Ва наздик буд, ки туро аз ин сарзамин (Макка) баркананд, то  овораат  созанд. Ва худ пас аз ту ҷуз андак замоне намемонанд.

77.

Суннати (шеваи) Худо дар бораи паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодаем, низ чунин аст ва суннати  моро тағйирпазир наёбӣ.

78.

Аз ҳангоми заволи хуршед, то он гоҳ, ки шаб фаро мерасад, намозро барпой дор ва низ намози субҳгоҳро. Ва намози субҳгоҳро ҳамагон (фариштагони шаб ва фариштагони рӯз) ҳозир шаванд.

79.

Порае аз шабро ба намоз хондан зинда  бидор. Ин нофила (намози шаб) хоси ту аст. Бошад, ки Парвардигорат туро ба мақоме  писандида бирасонад.

80.

Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро ба ростиву некӯӣ (ба ҳар коре) дохил кун ва ба ростиву некӯӣ берун бар ва маро аз ҷониби худ пирӯзиву ёрӣ ато кун!

81.

Бигӯ: «Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд. Ҳаққо, ки ботил нобудшаванда аст».

82.

Ва ин Қуръонро, ки барои мӯъминон шифову раҳмат аст, нозил мекунем, вале кофиронро ҷуз зиён наяфзояд.

83.

Чун ба инсон неъмат (маъмурият) додем, рӯй гардонд ва хештан ба як сӯ кашид ва чун зараре ба ӯ расад, ноумед мегардад.

84.

Бигӯ: «Ҳар кас ба тариқи хеш амал мекунад ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки кадом якеатон ба ҳидоят наздиктаред».

85.

Туро (Эй паёмбар) аз рӯҳ мепурсанд. Бигӯ: «Рӯҳ ҷузъе аз фармони Парвардигори ман аст ва шуморо ҷуз андак донише надодаанд».

86.

Агар бихоҳем ҳамаи он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, бозмеситонем ва ту барои худ дар баробари Мо мададгоре намеёбӣ.

87.

Лекин (боқӣ гузоштанаш),  ба сабаби раҳмате аз ҷониби Парвардигорат, ки воқеъан  инъоми ӯ дар бораи ту бисёр  аст.

88.

Бигӯ: «Агар ҷину инс гирд оянд, то монанди ин Қуръон биёваранд, наметавонанд монанди онро биёваранд, ҳарчанд, ки якдигарро ёрӣ диҳанд».

89.

Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар масалеро гуногун баён кардем, вале бештари мардум ҷуз ношукрӣ ҳеҷ коре накарданд.

90.

Гуфтанд: «Ба ту имон намеоварем, магар ин ки барои мо аз замин чашмае равон созӣ,

91.

ё туро  боғе бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар мобайнаш наҳрҳоро ҷорӣ гардонӣ,

92.

ё чунон ки гуфтаӣ, осмонро пора-пора бар сари мо афканӣ ё Худову фариштагонро пеши мо ҳозир оварӣ,

93.

ё туро хонае аз тилло бошад ё ба осмон боло равӣ. Ва мо ба осмон рафтанатро ҳам бовар намекунем, магар ин ки  барои мо китобе, ки аз он бихонем, биёварӣ». Бигӯ: «Парвардигори ман пок аст. нестам ман магар инсоне ҳастам , ки ба рисолат фиристода шудаам»

94.

Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан он гоҳ  ки ҳидояташон омад, бознадошт, магар ин ки мегуфтанд: «Оё Худо инсонеро ба рисолат  (пайғамбарӣ ) фиристодааст?»

95.

Бигӯ: «Агар дар рӯи замин (ба ҷои инсонҳо) фариштагон (мезистанд ва бо пойи худ мисли инсонҳо) ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем».

96.

Бигӯ: «Худо миёни (сидқи) ману (саркаши аз ҳаққи) шумо шаҳодатро кофист, зеро ӯ ба бандагонаш огоҳу биност!»

97.

Ва ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоятшуда аст. Ва ҳар касонеро гумроҳ созад, ҷуз Худои барҳақ  барои онҳо сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунг ва кар зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи онҳост ҳар вақте ки шӯълаи он фурӯ нишинад, бештар меафрӯземаш.

98.

Ин ҷазои онҳост, зеро ба оёти Мо имон наёварданд ва гуфтанд: «Оё чун мо устухон шудему хок, моро ба сурати тозае зинда мекунанд?»

99.

Оё намедонанд, ки Худое, ки осмонҳову заминро офаридааст, қодир аст, ки монанди онҳоро биёфаринад ва барояшон муддати умре ниҳода, ки дар он шакке нест? Аммо золимон ҷуз куфр ва инкор (чизи дигареро ихтиёр) накунанд.

100.

Бигӯ: “Агар шумо молики ҳамаи  хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман мебудед, аз бими тангдастӣ бахилӣ пеша мекардед, зеро одамӣ  бисёр бахил  (ва тангназар) аст!”

101.

Аз бани Исроил бипурс, ки чун Мӯсо назди онон омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи ошкоро дода будем. Ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд».

102.

(Мӯсо ба Фиръавн) Гуфт: «Ба ҳақиқат  медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз  Парвардигори осмонҳову замин нафиристодааст. Ва ман, эй Фиръавн, туро ба яқин ҳалокшуда мебинам».

103.

Фиръавн қасди он дошт, ки онҳоро  аз он сарзамин  (Миср) барканад, вале Мо, ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонашро ғарқ сохтем.

104.

Ва пас аз ӯ ба бани Исроил гуфтем: «Дар он сарзамин сокин шавед ва чун ваъдаи охират расад, ҳамаи шуморо бо  ҳам зиндаву ҷамъ мекунем».

105.

Ин Қуръонро ба ҳақ нозил кардаем ва ба ҳақ нозил шудааст ва туро нафиристодем, магар он ки мужда диҳӣ ва бим диҳӣ.

106.

Ва Қуръонро  кам-кам (дар муддати бисту се сол ба гунаи оятҳо ва бахшҳои ҷудогона) нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ (ва ба ин васила ҷазби дилҳо ва андешаҳо шавад ва дар амал ҷорӣ гардад) ва нозил кардем,нозил кардане ба камол.

107.

Бигӯ (эй кофирон): «Хоҳ ба он имон биёваред ё имон наёваред (ихтиёри хушбахтӣ ва бадбахтии худатонро доред, вале бидонед, ки эъҷоз ва ҳақиқати  қуръон равшан аст ), онон, ки аз ин    пеш дониш  омӯхтаанд  (ва бо таврот ва инҷили ростин сару кор доштаанд), чун Қуръон барояшон тиловат шавад, саҷдакунон бар рӯй меафтанд (ва сари таслим дар баробари Худо фурӯд меоваранд ва ӯро сипос мегӯянд, ки онҳоро бо неъмати имон навохтааст),

108.

ва мегӯянд: «Пок аст Парвардигори мо. Ваъдаи Парвардигори мо анҷом ёфтанист».

109.

Ва ба рӯй меафтанд ва мегирянд ва бар хушӯъашон (фурӯтаниашон) афзуда мешавад.

110.

Бигӯ: «Чӣ Аллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед (фарқе намекунад), ҳар кадомро (ки аз асмои ҳусно), ки бихонед (монеъ надорад), номҳои  некӯ аз они ӯст».  (Эй паёмбар, ҳангоме ки ба намоз истодӣ) дар намоз садоятро баланд макун ва низ  паст ҳам махон ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.

111.

Бигӯ: «Сипос Худойро, ки фарзанде ихтиёр накардааст ва ӯро шарике дар мулк нест ва ба нотавонӣ наяфтад, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷ шавад. Пас ӯро такбир гӯй, такбире шоиста!