111. Сураи ЛАҲАБ

1.

Дастҳои Абулаҳаб
(киноя аз худи ӯст) ҳалок  бод ва ҳалок  бод Абулаҳаб.

2.

Дороӣ  ва он чӣ
ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард.

3.

Ба зудӣ ба оташе
шӯълавар дарафтад

4.

ва занаш низ
дарояд (ҳамроҳи ӯ), ки ҳезумкаш аст (яъне, суханчин аст)

5.

ва бар гардан
ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад (яъне, ба хаффа кардан азоб карда шавад).