107. Сураи МОЪУН

1.

Оё
онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурад, дидӣ?

2.

ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба иҳонат (хорӣ) меронад

3.

ва мардумро ба таъом додан ба бенаво тарғиб намекунад.

4.

Пас, вой бар он намозгузороне,

5.

ки дар намози худ саҳлангоранд (дар ғафлатанд),

6.

онон, ки риёкорӣ мекунанд

7.

ва аз додани закот саркашӣ мекунанд.