106. Сураи ҚУРАЙШ

1.

Барои шукри улфату амни қурайш;

2.

Улфату амнашон дар сафари зимистониву тобистонӣ

3.

Пас, бояд Парвардигори ин хонаро (Каъбаро) бипарастанд:

4.

Он ки ба ҳангоми гуруснагӣ таъомашон дод ва аз бим дар амонашон
дошт.