1. |
Оё надидаӣ, ки Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард? |
2. |
Оё макрашонро ботил насохт? |
3. |
Ва бар сари онҳо паррандагоне села-села фиристод, |
4. |
То онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд. |
5. |
Ва ононро чун коҳи пасмондаи дар охур сохт. |