104. Сураи ҲУМАЗА

1.

Вой бар ғайбаткунандаи айбҷӯе,

2.

он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт.

3.

Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад.

4.

На  чунин аст, ки албатта, ӯро дар  ҳутамаҳ
андозанд.

5.

Ва ҳаройна, ту чӣ донӣ, ки ҳутамаҳ чист?

6.

Оташи афрӯхтаи Худост,

7.

ки бар дилҳо ғалаба меёбад.

8.

Ва ҳаройна, аз ҳар сӯ (оташ) дар миёнашон гирифтааст,

9.

дар (ҳоле, ки онҳо ба) сутунҳои дарози оташин баста мешаванд.