102. Сураи ТАКОСУР

1.

Ба ғафлат кашид шуморо фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд,

2.

то ба гӯрҳо  расидед.

3.

На чунин аст (ҳаққо), ки ба зудӣ хоҳед донист

4.

Боз ҳам на чунин аст (ҳаққо), ки ба зудӣ хоҳед донист.

5.

Ҳаққо, агар аз рӯи яқин бидонед,

6.

На чунин аст, ҷаҳаннамро хоҳед дид.

7.

Сипас, албатта, ба чашми яқин мебинедаш,


8
.

ки ҳатман, дар он рӯз шуморо аз неъматҳои дунявӣ бозхост
мекунанд.