101. Сураи ҚОРИЪАҲ

1.

Қориъаҳ. (қиёмат)

2.

Чист қориъаҳ (қиёмат)?

3.

ва ту чӣ донӣ, ки  қориъаҳ (қиёмат) чист?

4.

Рӯзест, ки мардум чун парвонагон пароканда бошанд

5.

ва кӯҳҳо чун пашми задашуда (ҳалоҷишуда).

6.

Пас, ҳар киро гарон ояд (вазнин бошад) паллаҳои амалҳои некаш
(дар тарозу)

7.

Пас, он шахс дар ҳаёти хушу босаъодат аст.

8.

Аммо ҳар киро паллаи тарозуяш (аъмоли некаш) сабук бошад,

9.

ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.

10.

Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ
 чист?

11.

Оташест дар ниҳояти гармӣ