1.

Савганд ба аспони тездав,

2.

савганд ба аспоне, ки бо сум аз санг оташ меҷаҳонанд

3.

ва савганд ба аспоне, ки бомдодон ҳуҷум  оваранд

4.

ва дар он ҷо ғубор барангезанд.

5.

Ва ҳаройна,  дар он ҷо дар миён дароянд,

6.

ки одамӣ Парвардигори худро, албатта, сипос намегӯяд

7.

ва ҳаройна,  ӯ худ бар ин, албатта, гувоҳ аст.

8.

Ҳаройна,  ӯ молро фаровон, албатта, дӯст дорад.

9.

Оё намедонанд, ки чун он чӣ дар гӯрҳост, зинда гардад

10.

ва он чӣ дар дилҳо ниҳон аст, ошкор карда шавад,

11.

Албатта, Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳолашон огоҳ аст.